Ман ҳамчун шоҳиди даргириҳои сиёсии солҳои навадум бевосита шоҳиди ҳамаи ҳодисаҳои солҳои 1990-1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мебошам.  Расман қайд менамоям, ки  Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мо ва мардуми заҳматкаши мо қабл аз ҳама роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод, ки дигар ҳамаи пешравию дастовардҳо маҳз бо саъю талошҳои ин инсони бузург робитаи мустаҳкам доранд. Агарчи 1-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардида бошад ҳам, то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ давлати мо пурра соҳибихтиёр набуд ва ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашта буд.  То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассисаҳо ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз сари нав ба по монда шуда, ба фаъолияти вазифавии худ шурӯъ намуданд. Барпо намудани чунин як Иҷлосияи таърихсоз кори осон набуд, барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмин намудани амнияти чӣ тарафдорони давлати демократӣ ва чӣ мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёдеро талаб мекард. Ман ҳамчун роҳбари муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиев  дар  рӯзҳои аввали Иҷлосия ӯро ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки Иҷлосия ба қабул намудани қарорҳои зарурӣ ноил мегардад ва Раҳмон Набиев ба истеъфои худ розӣ мешаванд. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори ба амал омадаро ба назар гирифта, мардонавор баҳри таъмини якпорчагии кишвар ва ояндаи миллати тоҷик аз вазифа даст кашида, ба сарвари тозаинтихоби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек доданд. Интихоби ҳамкори мо Саидамир Зуҳуров ба вазифаи Вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо - кормандони амният, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, хеле маъқул ва ҷонбахш буданд. Дар ҳақиқат ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавонои давлатро, ки аз байни халқи оддӣ баромадааст, дидам. Буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онхо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат бебозгашт дур рафтанд.

Рӯзе, ки оши оштӣ барпо гардид ва тарафҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд, мо беихтиёр ашки шодӣ рехтем ва сари мизи дӯстона нишаста худо мегуфтем, ки ояндаи мамлакати мо обод бошад. Ҳаминро ҳам қайд карданӣ ҳастам, ки бадхоҳони Ватанамон ҳатто дар Иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24-уми декабри соли 1993 баргузор мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар Иҷлосия ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо таркондани кӯпруки ағбаи Анзоб мехостанд якпорчагии Ҷумҳурии азизамонро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, ба хусус, чекистони ҷумҳурӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъиятҳои хеле душвор сарбаландона берун гашта, оромиву осудагии кишвар ва умуман истиқлолияти кишвари азизамонро таъмин намуданд.

Бинобар ин гуфтаниам, ки Истиқлолияти   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти воқеъии мамлакат аз роҳбари давлат сар карда то ҳамаи муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯ-шишҳои Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватан  қабл аз ҳама сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва дар заминаи ҳамин Тоҷикистони мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

 Охунбобо Раҳимов,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд