Дар ҷаҳони муосири моро фарогирифта ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, одамон озод дар давлатҳои мустаъқил умр ба сар мебаранд. Суботу оромӣ дар рӯи замин аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида таъмин карда мешаванд. Аммо новобаста аз ин ашхос ва гурӯҳҳое низ мавҷуданд, ки бо андешаву ақида ва рафтору аъмоли “аҳриманӣ”-и худ мехоҳанд ба оромиву суботи давлатҳои алоҳида, ҳатто Ватани худ таҳдид намоянд.

Яке аз ин гурӯҳҳои тундраву ифротгаро -Ҳизби террористию экстремистии мамнӯи наҳзати ислом мебошад, ки бо ҷурми айбдорӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд ва то ҳол аз паси миллату давлати худ сангпартоӣ мекунанд.

Роҳбари собиқ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯё аз ҷониби кадоме аз давлатҳои Аврупо мақоми “гурезаи сиёсӣ”-ро гирифтааст, дар мусоҳиба бо мухбири DW бори дигар душмани миллат ва давлати худ буданашро исбот намуд.

Дар мусоҳиба Кабирӣ аз шакли давлатдорӣ ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти Тоҷикистон норозигӣ баён намудааст, ки ин идомаи ақидаҳои ифротӣ ва ғарази шахсии ӯ нисбат ба Ватан мебошад. Ин шахсияти манфур дар солҳои фаъолияташ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар низ на ба манфиати халқ ва интихобкунандагон, балки ба манфиати шахсии худ ва иҷрои дастуру супоришҳои Хоҷагони хориҷии худ машғул буд ва баъди дар интихобот ғолиб наомадан ва бе мансаб монданаш чеҳраи ҳақиқии худро ошкор сохт.

Имрӯз идоракунии давлатии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда шудаанд, ки онро шаҳрвандони мамлакат қабул намудаанд. Ва ибораи “монархия”, ки дар мусоҳибааш Кабирӣ таъкид намудааст, дурӯғ ва тӯҳмати маҳз аст. Тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо бо чашми худ мушоҳида мекунем ва аз он баҳравар ҳастемба ҷаҳониён низ маълум аст вааз ҷониби М.Кабирӣ нодида гирифтан камоли нотавонбинӣ, дасисабозӣ ва хиёнат ба Ватану миллат аст. Ӯ аз кадом малумоти оморӣ ва рейтингҳои байналмиллалӣ ҳарф мезанад ба мо маълум нест, балки ин бофтаҳо, сохтаҳо, “кароматҳо” ва пешгӯиҳои бадхоҳонаи навбатии ӯ мебошанд. Мавсуф ба маҷрӯимӯътадил баргаштани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ӯзбекистон низ бо чашми ғараз нигариста, ба пешомадҳои хушоянди он низ шубҳа дорад.

Кабирӣ ҳамеша аз тақдири ҳаммаслакони худ, ки дар маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд ҳарф мезанад ва боре андеша намекунад, ки онҳо бо гуноҳи маҳз худи ӯчун сарвари ҳизби сиёсӣ ба содир намудани ҷиноятҳои зидди сохтори конститутсионӣ даст зада, барои кирдори содирнамудаашон ҷазои сазовор гирифтаанд. Кабирӣ изҳор кардааст, ки гӯё пас аз ошкор гардидани кирдорҳои ҷинояткоронаи аъзоёни фаъоли ҲНИТ ва манъ гардидани фаъолияти он ба аъзоён супориш дода бошад, ки дигар фаъолият набаранд, аммо ҳақиқат он аст, ки ӯ ҳамчун шахси худхоҳ роҳи гурезро пеш гирифта, тақдири ҳаммаслакони худро ба сарнавишти онҳо ҳавола кард ва ҳоло дар кадом гӯшае фароғат дошта, гӯё дар ғами онҳо бошад.

Бояд таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар танҳо ҳамон аъзоёни собиқ ҲНИТ-ро, ки дар кирдорашон таркиби ҷиноят вуҷуд дошт, ба ҷавобгарӣ кашида,дигар шаҳрвандоне, ки қабланбо роҳи фиреб аъзои ин ҳизбгардида буданд, имрӯз озодона кору фаъолият менамоянд. Кабирӣ  гӯё бо муроҷиат ба ташкилотҳои байналмиллаӣ ҳазорҳо нафарро аз ҷавобгар шудан дар назди қонун ҳифз карда бошад, ки ин танҳо тахаюлоти шахсӣ, бофтаю сохта ва худсафедкуниҳои ӯ беш нест.

Муҳиддин Кабирӣ ҷонибдор ва аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” будани худро дар мусоҳибаи навбатиаш бори дигар исбот намуда, қайд кардааст, ки: “ҳамаи нишонаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ояндаи наздик дар шикастапораҳо ва боқимондаҳои ДИ гурӯҳҳо ва қувваҳои нави тундрав пайдо мешаванд, ки пешгирӣ намудани он душвор мегардад”. Амалиётҳои зиддитеррористии давлатҳои Русия, ИМА, Хитой ва дигар давлатҳоро дар ин самт равона шудаанд, сиёсати нодуруст муаррифӣ намудааст.Ин ва боз дигар суханҳое, ки Кабирӣ оид ба ДИИШ баён кардааст, бешубҳа ҷонибдори ин гурӯҳ будани ӯ ва ҳизбашро ошкор месозад.

Кабирӣ боз оиди таҷдиди сохтор ваамали ҳизби мамнӯъ ва офисҳои он сухан ронда, роҳбари ташкилоти террористию экстремистӣ будани худро исбот намудааст.

Боиси тааҷҷуб аст, ки хоини миллат бо ин қадар бадкориҳояш аз Ваҳдати миллӣ сухан мекунад ва таъкид ҳам кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон шартҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаро вайрон мекунад. Муҳиддин Кабирӣ худ вайронкунандаи шартҳои Созишнома аст, ки ин дар ҷудоиандозӣ, тӯҳмату таҳқирҳои беасос нисбати давлату Ҳукумат, мардумро ба гумроҳӣ андохтан ва амалҳои ғайриқонунии ӯ ва ҳаммаслаконаш ифода ёфта, он моҳи сентябри соли 2015  бо кӯмаки молиявию ғоявии хоҷагони берунии ӯ ба амал оамада буданд ва хушбахтона тири душманони миллати мо хок хӯрд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурии азизи мо имсол 20-умин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Ин созишнома байни Ҳукумати конститутсионӣ ва собиқ мухолифин баста шуда буд, на бо ҲНИТ ва хоинони миллат.

Имрӯз мардуми кишвар Ваҳдати миллиро ҳамчун ғояи муқаддаси миллӣ қадр менамоянд ва онро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоянд ва ба ин дасисаҳои хоини миллат, ки ба ғайр аз торикӣ,ҷаҳолат, хурофот ва баргаштан ба олами ҷаҳлу зулмот дигар чизро намебинанд, эътимоду эҳтиёҷ надоранд.

 

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд