Паёми имсола ва Паёми соли гузаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, дар маҷмӯъ, метавон Паёми илму маориф,  ҳидоят ва роҳнамо барои пешбурди илму маорифу фарҳанг, бахусус дар сохаи фанхои дақиқ ва техникӣ номид.  Зеро дар ин Паёмҳо,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро ҳамчун як масъалаи марказӣ, меҳварӣ ва мубрами рӯз дар сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ба қалам дода, иброз намуданд, ки  ин соҳа пайваста дар маркази диққати Президент ва Ҳукумати мамлакат  қарор дорад.  Қайд гардид, ки барои ҳарчи бештару беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар саросари ҷумҳурӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гарданд. Масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро мебояд, дар ҳалли ин масъалаи меҳварӣ ва мубрами рӯз, бо роҳҳои гуногун, баланд бардошт. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ даро соҳаи илму маориф” эълон гардида буд.  Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус ва ибтикори Ҷаноби олӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Дар Паёми имсола бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуривӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад”.

 Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмунҳои қаблӣ- аз ҷумла аз озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ёдоварӣ карда, сараввал дар сатҳи баланд доир гардидани ин озмунро бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданд. В-аз он пас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин натиҷаи баргузории ин озмунро бо суханҳои зайл ташреҳ доданд. “Ин озмунҳо як нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Аз ин лиҳоз доир гардидани озмуни ҷумҳуривии “Илм- фурӯғи маърифат” як иқдоми дигари бузурге барои пешрафти илм ва фарҳанг, аз он ҷумла илмҳои дақиқ ва риёзӣ маҳсуб меёбад.  Дар асри бистуяк ҳаёти босуботи аҳли ҷомеа, зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат, бе шакку шубҳа, бо пешрафти илмҳои дақиқ,  бахусус, дастёбӣ ва дастрасии насли наврас ба илму навовариҳо ва навгониҳо дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ дар тавъам аст”.

Ногуфта намонад, ки дар пайравии ин ғояҳо Президенти давлати абарқудрати Россия санаи дуюми феврал дар мулоқот бо лауреатҳои озмуни умумирусиягии «Муаллими сол» ба пешниҳоди ғолиби ин озмун оид ба эълон кардани соли математика дар қаламрави Россия ҷавоб дода қайд кард: соли 2023 аз ҷониби ҳукумат воқеан ҳамчун соле ҳисобида мешавад, ки онро “Соли математика” эълон кардан мумкин аст ва албатта, мо инро дастгирӣ хоҳем кард"

 Дар идомаи гуфтаҳои боло аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё мисол овардан бамаврид аст. Ҷопон дар сомонаҳои интернетӣ аз зумраи давлатҳое маҳсуб меёбад, ки низоми маорифи пешқадамтарин  дорад.  Дар олами техника ва технологияи муосир  номи ифтихории  «Шоханшоҳ»-ро касб карда, дар тамоми дунё вирди забонхо гаштааст.  Дар марҳилаи кунунӣ беҳтарин истеҳсолкунандаи васоити  техникии сатҳи баиналмиллӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад. Аз сомонаҳои интернетӣ сабаби чунин пешрафти афсонавии ин давлати афсонавиро  метавон дарёфт. Ин дастовардхо натичаи он аст, ки пас аз  воқеаҳои фоҷеабор ва харобиовари  Хиросимаву Нагасаки ҷопониҳо тамоми ҳастӣ ва дороии худро танҳо барои пешрафти соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ равона карданд.

Дар ДПДТТ бо роҳбарии сарвари он Дилафрӯз Саидӣ ва роҳбарияти донишкада ба ин озмун диққати махсус равона карда шудааст. Дар ҷаласаи илмӣ-техникии навбатӣ, ки бо роҳбарии муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон  Ахмедов  баргузор гардид, ин масъала мавриди баррасии дақиқ қарор гирифт. Дар ҷаласа барои шахсони муттасадӣ оид ба дар сатҳи баланд баргузор кардани ин озмун вазифаҳои мушаххас  гузошта шуданд.

Устодони  кафедраи математикаи олӣ ва информатика дар моҳи март ва аввали моҳи апрел якчанд маротиба бо донишҷӯён ҷаласа доир карданд, ки дар он низомномаи озмун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Саволномаи озмун аз фанни математика, рӯйхати адабиётҳо, шакли электронии ҳамаи адабиётҳои дар низомнома овардашуда, нуқтаҳои муҳимтарини озмун дар шакли файли алоҳида ба донишҷӯён дастрас карда шуд.  Дар ҳафтаи ҷорӣ даври аввали озмун дар сатҳи факултетҳо баргузор гардида истодааст.

Ҷавонон, бахусус донишҷӯёнро мебояд, ки аз имтиёзҳои дар ин озмун пешниҳодгардида оқилона ва самаранок истифода бурда, дар баргузории он фаъолона ширкат варзанд.