Аз азал мардумони олам мавқеи худро нисбат ба хиёнаткорону бадандешон мустаҳкаму устувор муайяну мушаххас намуда, кирдору рафтори разилонаи онҳоро маҳкум менамуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки ҳамагуна хоинон бар зидди арзишҳои миллӣ, ин ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, онҳо мехоҳанд бо рафтори хиёнаткоронаи хеш ба ҷомеа таъсири манфии хешро расонанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистони азиз низ бо вуҷуди фаъолияти шахсиятҳои бузурги илму адаб, донишмандон, олимону мутафаккирон, нобиғаҳои айём боз иддае аз фарзандони нохалаф ва хиёнатпеша мавҷуданд, ки бо супориш ва сарпарастиву роҳнамоии хоҷагонашон мехоҳанд бар зидди сулҳу суботи кишвар, оромиву якдилӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ садо баланд кунанд. Бахусус дар замони соҳибистиқлолӣ пасипардагӣ амал намудани ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ хоинони миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва дигар гумроҳони наҳзатӣ, тарҳрезии нақшаҳои тахрибкоронаву хиёнаткорона бар зидди сулҳу суботи кишвар, барангехтани кинаву адовати милливу динӣ дар қалби ҳамватанон аз амалҳое буд, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Он замон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роҳбари иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ ва дигар гумроҳон дар Тоҷикистон оташу алангаи ҷангро барафрӯхта ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурда, аз дур бо дастгирии хоҷагонашон низоъҳои дохиликишварро сармоягузорӣ менамуданд. Ин гумроҳон бо истифода аз фазои холигии динӣ мардумро рӯйрост барои мубориза бар зидди сохтори конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ даъват намуда, хостори таназзули давлат буданд. Чун дар Тоҷикистон амалҳои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик ошкорову ҳизби касифашон террористӣ эълон гардид, ин разилон дар хориҷ аз кишвар бо гумроҳкунии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амал намуда, анҷуман ва ҷунбишро таъсис дода, мехоҳанд сафҳояшонро мустаҳкам гардонида, амалҳои разилонаашонро идома диҳанд.

Аслан агар ба фаъолияти роҳбарони ин ташкилотҳои ифротӣ назар афканем маълум мегардад, ки инҳоро пайравӣ кардан на ба тарозуи ақл рост мегираду на ба тарозуи одамигарӣ. Зеро кореро, ки роҳбарони ин сохторҳои тахрибкор анҷом додаан боиси нафрат аст. Масалан агар ба таври мухтасар назар кунем, Сайидабдуллои Нурӣ хоини миллати тоҷик ва яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ. Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамагон маълум. Муҳиддин Кабирӣ яке аз гумроҳон ва хиёнаткорон, саркардаи амалиёти Абдуҳалим Назарзода, касест, ки дидаю дониста дар ҷанозаи волидонаш иштирок накардааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ яке аз таҷовузкорони духтари ноболиғ, ҳамсари ҳозирааш ва фурӯшандаи мазҳаби аҷдодӣ. Шарофиддин Гадоев шогирди хоини миллат Умаралӣ Қувватов, ки дар куштори устодаш даст дошта, дар ҷанозаи падараш мисли Муҳиддин Кабирӣ иштирок накардааст. Нуриддин Ризоӣ низ мисли Шарофиддин Гадоев нохалаф буда, дар куштори устодаш Умаралӣ Қувватов даст дошта, пас аз ҷанозаи устодаш духтари ноболиғашро таҷовуз кардааст. Хулоса, ин нохалафонро дар кирдору рафторашон ҳатто як омили пайравикунанда дида намешавад ва паси ҳар амалу рафтори онҳо хоҷаяке нуҳуфтааст.
Аз ин рӯ ҷавонони азизи моро зарур аст, ки аз ин нохалафон худ ва ҳамсолони худро эмин ва ҳифз нигоҳ дорем. 

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд