Зуҳуроти номатлуби даҳшатафзоӣ  ва ифротгароӣ дар замони муосир хело реша давонида истодааст. Ифротгароии динӣ маҳсули  фарҳанги номукаммал ва фитрати пасти инсонист. Тӯли даҳсолаи охир чунин ҷараёнҳои экстремистӣ, ки бо  равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд. Мақсади асосии онҳо тавассути қатлу куштори бераҳмона, даҳшатафканӣ ғасби ҳокимият ва ҷорӣ намудани тартиботи ҳатто ба ягон рукнҳои шариату ислом  аст.  Экстремизм ин ҷонибдорӣ аз «дин» дар асоси ақидаҳои носолим  ва сӯзанда ва амалҳои қатъии хушунатангез мебошад. Ҳамарӯза воқеаҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки  дар марҳалаи муосир хавфи бештареро на экстремизми оддӣ, балки экстремизми динӣ ба бор меорад. Вай аз дигар шаклҳои экстремизм бо он фарқ мекунад, ки бо дигаргунсозии зӯроваронаи сохти  давлатӣ ва ғасби ноадолатонаи ҳокимият, халалдор сохтани  соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат  нигаронида  шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон  мавриди истифода қарор медиҳад ва онҳоро бо муборизаи оштинопазир даъват менамояд.

Ба ин гурӯҳҳо одатан ҷавонони аз лиҳози зеҳнӣ ва тафаккури ақлонӣ дурбуда  зуд ба ин ҷараёнҳо шомил мешаванд.  Онҳое ки зеҳни тоза надоранд, сабукфикр  ҳастанд ва ба гуфтаи онҳо дода мешаванд ва эътимод мебанданд. Гумон мекунанд, ки гӯё дар назди Яздони Пок  ин гуна амалҳо дуруст буда, сазовори биҳиштанд. Бозӣ кардани мутаассибон бо зеҳни насли ҷавон ва эҳсоси  мардуми  хурофотӣ ва мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Вазъи ҷаҳони печидаи муосир шаҳодат аз он медиҳад, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар қарни бистуякум табдил ёфтааст. Бинобар ин, ба тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст, ки дар самти мубориза ба зидди терроризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва бемон мубориза барем. Мо имрӯз бояд ба воқеияти масъалаи мазкур нигарем. Ба ҷомеаи мутамаддину давлатҳои  мутараққӣ гаравем. Аз баъзе ақидаҳои пасмондаю архаистӣ ва бебунёду харобиовари асри сангин даст кашем. Ба  мазмуну моҳияти Қуръони азимушшаън  ва Ислому мусалмонӣ дуруст сарфаҳм равем. Ин ҳама дину мазҳаб бояд одамро накӯкор гардонида, ба роҳи рост ҳидоят намояд, на дилозору мардумхор созад.

Хулоса имрӯз дар симои террористон ва бадхоҳони миллат  боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо амсоли ҳизби ифротию террористии ҲНИ мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. Моро мебояд ҷавонони муосирро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихор аз миллату маҳан  ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ  тарбия намоянд.

Хушбахтона, аксари кулли аъзои ҷомеа, чи марду чи зан, чи хурду чи бузург, ин нуктаи муҳимро хуб дарк менамоянд ва ба хотири ояндаи дурахшон сол то сол бунёдкорию созандагиро ривоҷ дода, аз пайи афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатиамон ҳастанд.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расад, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои манфуру бебунёду ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи  сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти  давлат ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти муқаддаси миллӣ хамаҷониба мусоидат намоем.

Зокиров Р.Ш. устоди ДПДТТ ба номи ак М.С.Осимӣ