Аз баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли рафта 20- сол пур шуд. Ва тавре ҳолдонон мегӯянд, ҳамон қадаре, ки мо аз ин рӯзи босаодат дур шавем, ҳамон  андоза муҳимияту арзишмандии онро эҳсос менамоем. Расидан ба ин рӯзи саодат самараи талошу ҷонбозиҳои шахсиятҳои алоҳида ба мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз сокинони ваҳдатшиори кишварамон ин қаҳрамониҳои Сарвари давлатро арҷ мегузоранд.

Фаъолони мухолифи сиёсии кишварамон бо баргузор намудани як ҳамоиш дар шаҳри Дортмунди Олмон дар бораи нақши нерӯҳои мухолифини тоҷик дар Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳарф зада баён доштаанд, ки ҳукумати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои ин нерӯро нодида гирифта, онро соф ҷашни ҳукуматӣ унвон кардаанд. Ба ин навиштаҳои сомонаҳо мо розӣ шуда наметавонам. Зеро чанд наворҳои видеоӣ, ки тариқи телевизионҳои давлатӣ манзури бинандагон гардид, далолат бар он медиҳад, ки сулҳ маҳсули баҳамойии ҳар ду тараф аст. Аммо муҳим танҳо бастани сулҳи оташбас нест. Муҳим он аст, ки бандҳои ин Созишнома то куҷо мавриди амал қарор гирифтанд. Баъдан тарафи дигар масъала он аст, ки иқдоми музокироти сулҳ аз ҷониби кӣ сар зад. Ва нақши кадомин тараф бештар буд. Агар давлат ва Ҳукумати кишвар он вақт аз давлатҳои ҳамсоя ба монанди Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Эрон даъват ба амал намеовард, ки дар музокирот саҳм  гиранд, ягон нафар аз ҷониби нерӯҳои мухолифин ба ин кор даст намезаданд.Сониян нерӯҳои мухолифин дар панҷ соли охири фаъолияти худ эҳсос карданд, ки мардуми тоҷик дигар ҳадафҳои онҳоро дастгирӣ намекунанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки сари мизи оштӣ нишинанд. Имрӯз мухолифин даъво доранд, ки нақши онҳоро давлат дар музокироти сулҳ хира арзёбӣ мекунанд.

Биёед ин масъаларо равшан намоем. Мувофиқи шартномаи сулҳ ҷониби мухолифин 30 дар сади мансабҳои давлатиро соҳиб мешуданд. Ва давлат ин имкониятро ба онҳо дод. Аммо оқибат ин намояндаҳо ба давлату ҳукумат хиёнат карданд, ки намунаашро мо дар амалҳои ҷинояткоронаи Зайд Саидов ва Ҳоҷи Ҳалим Назаров дидем.

Пешвои  руҳонии вақти кишвар Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода низ ба ҳайси муовини Сарвазир натавонист хостаҳои сокинонро бароварда бошад.

Дар ин ҳамоиш чанде аз «рӯзноманигорони озодбаён» амсоли Олег Панфилов ва Темур Варқӣ Саид Абдуллоҳи Нуриро васф карда, нақши ӯро дар сулҳи тоҷикон бузург арзбӣ намуданд. Аммо тавре дар боло ишора рафт, онҳо ба ин кор маҷбур буданд, чунки рисолати тӯдакаширо иҷро карда натавонистанд. Равоншод  Саид Абдуллоҳи Нурӣ то дами марг аз ташаббусу ҷасоратмандии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёд мекард. Зеро роҳнамои миллат борҳо ҷони худро ба каф гирифта, ба хотири музокироти бо мухолифин ба минтақаҳои ҷангзадаи Афғон амсоли Хосдеҳ рафта буданд. Чунин ҷасоратмандӣ ва нерӯмандиро кам касон ёд доранд.

Имрӯз   нерӯҳои мухолифин, ки дар хориҷа ҳастанд, барои мо хатарзо буда наметавонанд ва ҷойи холӣ дар сиёсати мо мебошанд, зеро онҳо заминаи иҷтимоӣ дар дохили кишвар надоранд. Ин ҳама нодидагириҳои пешрафти кишвар хоси нерӯҳои опозитсионӣ маҳсуб меёбад. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон имрӯз аз сиёсати давлат ва Ҳукумат қаноатманданд ва фардои ободи кишварро натиҷаи якдигарфаҳмию ваҳдатшиории кишварамон медонанд. Мо дар роҳи дурусти зиндагӣ қарор дорем ва ба касе имкон нахоҳем дод, ки амнияти кишвари ободу озодамонро халалдор кунад.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд