Ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 ноябр дар толори маҷлисгоҳи донишкада чорабинӣ  таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» доир гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои суханшиносӣ Таиба Бобоева ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки    таърихшиносону муҳаққиқон бар онанд, ки ниёгони барӯмандами мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд.  Аввалин конститутсия ё худ эъломияро онҳо офаридаанд ва муаллифи эъломияи аввалин оид ба ҳуқуқҳои башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст.

Турсун Холматов, муовини директор оид ба илм ва инноватсия  паёми шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Устоди ДДҲБСТ Латипов Сунатулло ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ Мӯътабар Ғозиева зимни баромадҳои худ таъкид доштанд, ки  дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён дар васфи диёр шеъру сурудҳо хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.