Мутаассифона,  алҳол роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар хориҷи кишвар фаъолияти зиддидавлатии худро фаъолона идома медиҳанд. Зиёда аз он  ба муборизаи ошкоро зидди давлат ва ҳукумат даъват ба амал меоваранд. Пайваста сиёсати дохилӣ ва берунии ҳукумати Тоҷикистонро танқид намуда, танҳо камбудӣ  ва норасоии фаъолияти давлат мавриди муҳокимаи онҳо  қарор гирифтааст.  Онҳо  ободӣ ва рушди рӯзафзуни кишварро  эҳсос намекунанд ё дидан намехоҳанд. Мақсади асосӣ  дар байни мардум нооромӣ ва нобоварӣ нисбати сиёсати давлат ба амал овардан аст. Сарварони ҲНИТ ба ҳар ҳодисаву воқеа ва амалиёти дохил ва бурунмарзии кишвар нуқтаи назари боғарази худро баён намуда, мардумро ба иштибоҳ медароранд. Чунончи, оид ба муҳоҷирони тоҷик сухан ронда, тарки Ватан намудани  онҳоро аз дидгоҳи худ маънидод менамоянд. Ба ақидаи онҳо, бештари муҳоҷирон аз сиёсати давлат норозӣ шуда, кишварро тарк кардаанд. Инчунин, мисол меоваранд, ки бо чандин муҳоҷирони тоҷики ба Аврупо омада, суҳбат кардаанд ва онҳо гӯё оид ба фишору таъзиқи  ҳукумат шикоятҳо намудаанд  ва аз сиёсати давлат норозигӣ баён намудаанд. Пас аз  шиносоӣ аз даъвоҳои беасос  ва  дурӯғи  таблиғгарони ин ҳизб  шахс ба ҳайрат меояд, ки чаро онҳо аз ҳар як лаҳза ва ҳодисаи оддӣ проблемаи калони сиёсӣ сохта, мардумро ба иштибоҳ меандозанд.

      Бояд қайд кард, ки алҳол ҳазорон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, алалхусус Федератсияи Россия мехонанд ва меҳнат мекунанд. Чунин вазъият табиӣ буда,  ин  ҳолат дар бисёр мамлакатҳои дунё ба назар мерасад. Ҳатто, бисёр шаҳрвандони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳам барои таълиму кор ба кишварҳои хориҷа муҳоҷир шудаанд. Онҳо дар давлатҳои хориҷа таҳсил мекунанд, кор менамоянд, муваққатан ё муқимӣ дар он кишварҳо  умр ба сар мебаранд. Худ қазоват намоед, магар ин ҳама одамон аз таъқибу фишори давлат фирор карда, муҳоҷир шудаанд? Магар миллионҳо муҳоҷирон аз сиёсати давлат норозӣ шуда, ватанро тарк намуданд? Чунин вазъият замонҳои пеш ҳам рух дода буд, имрӯз ҳам идома дорад ва торафт авҷ мегирад. Масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои абарқудратро  маҳз муҳоҷирони дигар кишварҳо машҳури ҷаҳон намудаанд. Вале ҳазорҳо муҳоҷирони араб аз Шарқи Наздик маҷбуран ватанро тарк карда истодаанд, зеро чунин таблиғгарони фитнагар дар кишвари онҳо ҷангу хунрезӣ барпо намуда, онҳоро сарсону саргардон кардаанд.

       Аз тарафи дигар, сабаби беш аз пеш афзудани муҳоҷирон дар ҷаҳон ин бӯҳрони шаддиди иқтисодӣ мебошад, ки тамоми соҳаҳо ва ҷабҳаҳои кишварҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла бӯҳрони мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсир расонида, дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат инъикос шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, муҳоҷирони тоҷик низ барои беҳтар намудани шароиту муҳити зиндагӣ маҷбуран ба хориҷа сафар мекунанд. Вале онҳо дар Ватан волидайн, зану фарзанд ва пайвандони худро доранд, ки пас аз муддате бештарашон ба зодгоҳ  баргашта, бешубҳа дар ободонӣ ва рушди кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Вале сарварони ҲНИТ ҳамаи инро нодида гирифта, бо қаноатмандӣ изҳор менамоянд, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик афзуда истодааст. Саволе ба миён меояд, ки таблиғгарони ҳизб бо кадом муҳоҷирон ҳамсӯҳбат шудаанд? Агар чанд нафар аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар назар дошта бошанд, пас норозигии ин гурезагон аз сиёсати давлату ҳукумат маълум мешавад. Қобили зикр аст, ки ҳазорон аъзоёни собиқи ҲНИТ  гумроҳӣ ва хатоии худро фаҳмида, ҳатто баъзеҳо намедонистаанд, ки онҳо аъзои ҲНИТ будаанд, имрӯзҳо дар Ватан зиндагӣ намуда, содиқона баҳри ободӣ ва рушди кишвари худ саҳмгузор мебошанд.

Раҳмонов З.А., мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии ДПДТТ