Соли равон ба соҳибистиқлолии Ватани азизамон 27 сол пур хоҳад шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ  дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ  ба анҷом нарасида буданд. Новобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Яъне имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем, Ватану диёрамонро ободу зебо гардонем ва зиндагии шоистаи худу ояндагонро таъмин намоем.

    Хушбахтона, аксари кулли аъзои ҷомеа, чи марду чи зан, чи хурду чи бузург, ин нуктаи муҳимро хуб дарк менамоянд ва ба хотири ояндаи дурахшон сол то сол бунёдкорию созандагиро ривоҷ дода, аз пайи афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатиамон ҳастанд. Аммо дар ин радиф нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ТТЭ ҲНИТ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла собиқ раиси ТЭИ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

    Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш  Бегзод ва Ҷавоҳир Ӯриновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

    ТТЭ ҲНИТ дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИТ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

    Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар як қатор васоити чопии ахбори оммаи Тоҷикистон мақолаи таҳлилии рӯзномаи бонуфузтарини Шарқи Миёна «Ал – Аҳром» бознашр шуд. «Ал – Аҳром» аз соли 1875 инҷониб дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба табъ мерасад. Чуноне аз ин мақола маълум мешавад, ТТЭ ҲНИТ на танҳо бо ҳаракатҳои террористии «Толибон»-у «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон», балки бо ташкилоту созмонҳои террористии дигар аз қабили Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), «Ҷабҳат ан – Нусра», «Ҷайш – ал – ҳур» ва «Ихвон – ал – муслимин» низ ҳамкории густурда дошта, дар сафарбар намудани садҳо нафар ҷавонони гумроҳ барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва иштирок дар набардҳои хунин ба Сурия, Ироқу Афғонистон ва дигар минтақаҳои ноором даст доштааст.  

    Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИТ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо - рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун      тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарем, истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

 Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд