Пойдории миллат аз пойдории таъриху маданият, фарҳангу анъанаҳои миллӣ  хеле вобаста аст. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд нисбати нигоҳдории ин арзишҳо саъю талош варзад, нисбати ҳифзи ин арзишҳо аз таъсири омилҳои беруна бетараф набошад. Яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ  ин либоси миллии тоҷикӣ  мебошад. Либоси миллӣ   нишонаи  фарҳанги бои тоҷикон аст, бинобар ин ҳифз намудани ин арзиш баробари ҳифз намудани пойдории миллат ва давлат аст.  Ҳоло дар ҷаҳон равандҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ  ба назар мерасанд, ки бевосита ба маданият, рафтору кирдор ва ахлоқи насли наврас таъсири манфӣ  мерасонанд. Ин ҳолат оқибат ба ояндаи миллат пойдории маданияти қадимаи тоҷикон ва устувории пояҳои маънавии ҷамъият зарари беандоза мерасонад. Барои бартараф намудани ин равандҳои номатлуб бояд пеш аз ҳама ба тарбияи насли наврас эътибори махсус зоҳир намоем, зеро аз таълим ва тарбияи онҳо ояндаи миллат, пешрафти он, рушди маънавию ахлоқии он, вобастагии калон дорад. Яке аз амалҳое, ки бевосита дар ин самт ба анҷом расонида мешавад ин эҳё ва пойдории маданияти либоспӯшии тоҷикон аст. Либоси миллии тоҷикон аркони фарҳанги миллӣ  мебошад ва он нишонаи маданияти қадимаи моро таҷассум менамояд. Дар самти эҳё ва нигоҳдории либоси миллии тоҷикона бевосита аз ҷониби президенти кишварамон, ҳукумат ва вазоратҳои дахлдор чораҳои мушаххас андешида шуда, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд ва то ҳол низ ба ин масъала эътибори махсус дода мешавад. Чӣ  хеле, ки пешвои миллат, президенти кишварамон дар баромадҳои худ қайд карданд солҳои охир дар ҷамъият, бахусус дар байни занону духтарон тарғиби сарулибос ва фарҳанги  бегона ба назар мерасад, бинобар ин бояд саривақт роҳи чунин бегонапарастӣ  ва тақлидкорӣ  гирифта шавад.

Дар амалӣ  гардонидани мақсадҳои пайгирифта, ҷалби ҷавонон бахусус донишҷӯён ба раванди эҳёи либоси миллӣ  хеле бамаврид аст. Пеш аз ҳама бояд нисбати иҷроиши қарору дастурамалҳои вазорати маориф назорати қатъӣ  бурда шавад. Ҳоло дар либоспӯшии баъзе ҷавонон нишонаҳои маданияти аврупоӣ  ба назар мерасад. Ин гуна либоспӯшӣ  аз чорчӯбаи ахлоқӣ  берун буда, ба тафаккури ҷавонон ба ахлоқу тарбияи онҳо таъсири манфӣ  мерасонад. Пешниҳоди дастурамали либосҳои тавсиявӣ  барои духтарон ва занон, аз ҷониби кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле бамаврид аст. Ҳоло бояд ба сарулибоси духтарони донишҷӯ эътибори махсус дода шуда, аз болои иҷроиши талаботҳои вазорат нисбати масъалаи мазкур, назорати қатъӣ бурда шавад. Дар ин самт кор ва фаъолияти кумитаи занҳо ва духтарони донишкада пурзӯр карда шуда, дар амалӣ  намудани дастурамали мазкур бевосита худи духтарони донишҷӯ ҷалб карда шаванд.

Ахмедова  М. М.

дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии

ДПДТТ ба номи М. Осимӣ