Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Айнан ба мисоли Кабириву Гадоеву дигар пайравони Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз рӯи мансабталошиву ҳисси адвати хеш дастоварди миллати моро нодида мегиранд.

Мардуми сарбаланди тоҷик тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлатӣ ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона карда истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита ва ё бавосита  амалӣ мегардонад. Гадоевро зарур аст, ки суханони гуфтаи хешро дуруст андеша намояд, баъд мефаҳмад, ки то чи андоза дурӯғ гуфта истодааст. Гадоев ин таҳдидҳои инқилоби ва афкороти хешро рафта ба хоҷагони ҳоландиҳо гӯяд, зеро аз ин “ҳайбати сохта” и шумо онҳо шояд тарсанд. Хушбахтона азми қави ва иродаи мустаҳками мардумони тоҷик намегузорад, ки аз суханони пучи бемаънои Гадоеву дигар ҳаммаслаконаш мо дар ҳаррос бошем. Шарофиддин аз ин “дилсӯзиву пуштибонӣ” карданҳои ҳукумати Ҳоланд инқадар мабол, зеро то он даме манманӣ мекунӣ, ки онҳо қудрат доранд. Бидон, ки агар ба по рост истода бошӣ, ин қувва аз они ту нест. Зеро ту муттакову фармонбардорӣ. Ҳар гоҳ, ки хатари аз байн рафтани қувва наздик ояд аввал ту меафтӣ, ба хотире, ки қувваи ту сохта аст, албатта имрӯз ҳаст, аммо фардо ҳаст ё нест дар гумон аст. Мардум аз он режиме,ки имрӯз давлату ҳукумат кор мебарад, ба ҳамин шарофат ҳаёти осуда дорад ва ин барои ҳар кадоми мо хушоянд аст. Васвасаҳои хондаи шумо бошад, танҳо як афсонаеро мемонад, ки ҳатто барои мутолиаи он рағбат пайдо намекунӣ.

Хушбахтона, имрўз сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои афкорӣ, фарҳангӣ  ҳуқуқҳои инсон диққати хоса дода, дар ин раванд барои фаъолияти ташкилотҳои гуногун низ шароит фароҳам оварда, ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Маҳз пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва соҳибистиқлолии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ ва ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани аввалин ниҳоду сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир гашт. Ва дар иддаои Гадоев омадааст, ки инқилоби ӯ озодбаёниро ҳукмрон месозад. Баръакс танҳо эълони калимаи инқилоб бароят ҳазорон лаънатро овард.

 Бояд аз суханони ҳикматрезӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи ватандориву меҳанпарстӣ гирифт, зеро ҳар бор дар  маврид зикр менамоянд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар хоҳем, ки мамлакатамон ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу суббот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлатии миллиро пайваста таъмин намоем. Ин пеш аз ҳама аз дилу нияти нек, азму талоши гарм, меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст

Ин бовариҳои Пешвои миллат бояд тоҷи сари ҷумла ҷавонони тоҷики тамоми ҷаҳон бошад, зеро дар ҳақиқат давлату ҳукумат ба нерӯи созандаи ҷавонон ниёзи беш аз пеш дорад.

Амон Акбарович Раҳимов,

устоди кафедраи математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд