Қазияи Ҳамзаи бемор, фарзанди Тилло Кабирӣ ва набераи роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳафтаи охир ончунон расонаӣ шуд, ки таблиғгарони ин гурӯҳи ифротӣ даст ба боло намуда ҳатто гуфтанд, ки мо «ғолиб» шудем.

Думравони ҲНИ дар муроҷиатномаҳои худ ҷониби Тоҷикистонро ба он айбдор карданд, ки ин қазияро сиёсӣ намуданд, бехабар аз он, ки баъд аз бохти ногаҳонӣ дар конфронс бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ин қазия баҳонае буд барои қасдгирӣ. Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон ахиран пас аз тахт шудани ҳуҷҷатҳои Ҳамза ва модараш ба онҳо иҷозати парвозро доданд, дар расонаҳои гуногун нуктаи назари «чеҳраҳои ошно» ба монанди  Алим Шерзамонов, Бобоҷон Қаюмзод, Файзинисо Воҳидова, Мирзо Салимпур, Виктория Надеждина ба таври яктарафа баҳогузорӣ шудааст. Онҳо  дар нигоштаҳояшон  ин қазияро пирӯзӣ гуфтаанд. Аслан ин нафарон бераҳму кӯрдиланд, ки бемории Ҳамзаро баҳона карда, алами шахсии худро болои давлат ва Ҳукумат бор карданд. Гумон мекунам барои онҳо саломатии Ҳамза чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки Ҳамза барояшон баҳона буд. Шахсан нафрати манн нисбати Кабирӣ боз ҳам зиёдтар шуд. Ӯ метавонист  ёрдамчиёни худро гӯяд, ки аз саломатии Ҳамза фикр кунанд на манфиати худу ҳизб.  Ҳатто Файзинисо Воҳидова «ҳуқукшинос» ончунон дар навиштааш  модари Ҳамзаро тасвир кардааст, ки гӯиё аз зулмоту зулму дод ӯ берун рафта бошад. Воҳидоваи қадрношинос Шумо худро олиҳа нагиред. Пушти парвандаҳои Шумо низ садҳо оилаҳо хисроти зиёде дидааст.

Чун мебинем, аксари мусоҳибон ҳамонҳоеанд, ки алайҳи давлат идеологияи «манфиатҷӯёна» мебаранд. Пас маълум, ки онҳо «фабрикаи ҷавоб» кушодаанд на давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.

Дар расонаҳои хабарӣ чарх задании хабари бемории набераи Муҳиддин Кабирӣ Иброҳим Тиллозода ва «монеа» эҷод кардани мақомоти кишвар барои табобати ӯ дар хориҷи кишвар сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Гурӯҳе, ки аз асли воқеа хабардор нестанд, ба хотири дилсӯзӣ аз ин кӯдаки маъсум шадидан  мақомоти интизомиро барои «бераҳмӣ» интиқод мекунанд. Аммо воқеияти ҳол он аст, ки командаи Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз ин ҳолати қулай барои бадном кардани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъй меварзанд.Чунин шеваи мафкураи мардумро ба даст овардан аз шеваҳои асосии корбарии Кабирӣ ва ёронаш мебошанд. Ин як навъ кӯшиши бадном кардани давлат мебошад. Ҳол он ки модари Иброҳим, яъне келини Муҳиддин Кабирӣ иқрор мешавад, ки омили ба тахир афтодани сафари онҳо ба хориҷи кишвар барои табобат дигар аст. Яъне ҳуҷҷатҳо барои сафар бо айби худи модари Иброҳим пурра тахт нашудаанд. Ин барои онҳо дар хориҷи кишвар мушкилӣ эҷод мекунанд. Аммо наҳзатиён ин ҳамаро ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки ҳуқуқҳояшон нақз мешавад. Бояд мардона иқрор шуд, ки Кабирӣ ин бор низ мағлуб гардид. Зеро чунин баҳон, ки ба эҳсоси мардум бозӣ кардан аст, барои рақибе, ки худро пурқувват вонамуд мекунад, айб аст. Мард бояд буд ва мардона мубориза бурд.

Албатта мо медонем, ки чунин мушкилӣ ва вазъи ноҳинҷорро барои душман раво намебинем. Кӯдак бемор аст, вале онро ҳангома кардану дилашро ба зиндагӣ сард намудан чӣ ҳоҷат аст. Сандгиле низ ин ҳамаро дида, ба хотири саломатӣ аз ҳама чиз гузашт мекунад. Аммо бояд барои табобат дар хориҷ шахс зинаҳои ҳуҷҷатгузориро паси сар намояд, вагарна дар хориҷ  ба мушкилиҳои дигар мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аммо пайвандони тифле, ки бемориаш чандин моҳҳо гузаштааст, акунун аз хобир гарон хестаанд. Мебоист, ки ғами кӯдакро пештар мехӯрданд. Аммо имрӯз бемории набера аслиҳаи асосии ҷанги иттиллотии Кабирӣ гардидааст, ки бо ин амалаш ӯ мехоҳад ҷонибдорони хешро боз ҳам зиёд намояд.

Бо қатъияти том гуфтанием, ки чунин сенариясозиро сокинони кишвар қабул надоранд ва бе  ҳамон имзоҳои сохтаву муроҷиатҳои беасос давлат ҳомии сокинонаш ҳаст ва ҳаргиз пеши роҳи табобати Иброҳим Тиллозодаро нахоҳад гирифт.

Яқинан мо ҳам мехоҳем, ки Ҳамза шифои комил ёбад. Зеро ӯ гуноҳ надорад, модари дилреши ӯ низ дар ин бозиҳои сиёсии наҳзатиён сахт азият дид. Тифлии беғашии кӯдаконаи Ҳамзаро ҳамаи мо орзумандем.

Бойпочо Фатҳиддинов,

номзади илмҳои техникӣ,

дотсент,

устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт