Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллию таърихии миллати тоҷик аст, дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон бо ибтикори хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештар ошноӣ пайдо намудани халқ ин ҷашн аз нав эҳё гардида истодааст.
Тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи илм ва иноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ инчунин барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддасу таърихии тоҷикон таҳти унвони “Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист” бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиноси, номзади илмҳои филологӣ Таибахон Бобоева ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас омӯзгори калони кафедраи мазкур Хайринисо Темирова баромад намуда, оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон, ки иди анъанавии халқи тоҷик аст маълумот дод. Баъдан устоди кафедраи номбурда, Абдухолиқ Мирниёзов бобати хусусияти ин ҷашни таърихии миллиамон муаълумоти мухтасарро пешниҳоди донишҷӯёну устодон намуд.


Дар охир мудири кафедраи агротехнология ва маҳсулоти хӯрокаи донишкада н.и.т Наим Рашидов доир ба ҳадафи стратегии кишвар оид ба амнияти озуқаворӣ баромад намуда, саҳми мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрокаро дар амалисозии ин ҳадафи стратегии кишвар муҳим донистанд. Инчунин маърӯзаи пурмӯҳтавоеро доир ба ин иди миллиии тоҷикон пешниҳод намуданд.
Бо ҳамин конфронси илмӣ –амалӣ ба кори худ хотима бахшид.