Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Мутаасифона, дар тўли солҳову  қарнҳо зуҳуроти манфиатҷўи ва мансабталошии афроди  ҷоҳилу бехирад ва сангдилу  бераҳм, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани  одамону ғорату арзишҳои  илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву  разилонатаре  ба худ мегирад.

Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандцӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Мардум то ба имрӯз аз он нафароне, ки ба миллати мо чунин як зарбаи шадидеро интиҷор сохтанд, басо нафрат доранд ва пеши худ мақсад гузошта буданд, ки қувваи мухолифини давлатамонро бо фарҳанги бойи миллат ва иттиҳодии мардуми якдилу якзабони тоҷикон шикаст медиҳанд.

Ҷавонони гироми хоҳони онам ва ҳамчунон итминони комил дорам, ки ҳар кадоми аз Шумо  ворисони арзандаи мардони шуҷову ин миллати куҳанбунёд ва абарқудрати тоҷик мегардед, беҳтарин суннатҳои қадимаи кишавармонро ҳифз намуда пос медоред, баҳри ободии ин сарзамини ҳамешабаҳор заминаи мусоид фароҳам меоваред, ба хотире, ки давлат пояи устувор дошта бошад, Шумо бофарҳангу бомаданият мегардед. Ва ҳамчунон фарҳангу осори пурғановати қадимаи мо, ки аз гузаштагон ҳамчун чашмаи соф ва манъбаи одобу ахлоқ мерос мондааст азиз шуморида, онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медоред. Ба хотири шаъну шарафи хеш ва ба садоқату матонати хеш, вафодорӣ нисбати Модар – Ватан тамоми саъю кӯшиши хешро ба харҷ медиҳед. Зеро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медорад, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Асос ҳамин Ваҳдат аст. Миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат овард.

Башиков И.Т. сармуаллими кафедраи А ва ИН