Гоҳе сари андешае ҳастам, ки агар мо имрӯз дар Афғонистон ва ё дигар мамлакатҳои арабӣ, ки мавҷи ҷангу хурезӣ дар авҷ аст, зиндагӣ мекардем, ҳоламон чӣ гуна мешуд? Вақте ин сатрҳоро менавиштам, ба ёдам яке аз корномаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафари корӣ ба Афғонистон омад. Намедонам кадом солҳо буд, вале амиқани миёнаҳои солҳои навадум буд, ки Роҳбари давлати тоҷикон, ки аллакай миёни дигар давлатҳои дунё ба хотири тинҷу ором кардани кишвари худ маҳбубияти хос доштанд, аз Бурҳониддин Раббонӣ Президенти вакти Афғонистон хоҳиш карданд, ки асирони давлати шӯравиро раҳо кунанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки тайи беш аз 5 сол аз мамлакати паҳновари шӯравӣ ҳазорҳо афсарону аскарон дар ин мулк асир монда буданд. Ҳарчанд дар  ин самт борҳо гуфтушунид шуда бошад хам, натиҷае ба бор наомада буд. Бо як сухан ва хоҳиши ин абармарди таърихӣ зиндониҳо раҳо шуданд. Ё агар дар хотир дошта бошем, асирони зиндонии тоҷики Гуантанама маҳз бо пойфишориҳои Пешвои миллат озод шуда буданд.

Хислати гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар дар рагу хуни мо тоҷикон маскан гирифтааст. Ва ин хиради азалиро Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ дастури ҳамешагии худ хонда гуноҳи садҳо нафарро бахшиданд. Фарҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба зуҳури терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон рост омад. Ин амали номатлубро  имрӯз вабои аср унвон кардаанд. Ин амали нораво хонадони миллионҳо нафар сӯзонд. Мутаассифона, бинобар гумроҳӣ ва нодонӣ садҳо ҷавонони мо ба хотири таассуб, пулу мол бандии манқуртон гардида, худ манқурт мешаванд. Аз рӯзгори нафароне, ки ба хотири ҷиҳод ба мулки бегона рафтаанд, даҳҳо  гузоришҳо пахш шудаанд. Аламовар он аст, ки ҷавонон аз паи худ зану фарзандонро бо худ мебаранд ва ҳоли онҳо дар дашнҳои лабташтани пур аз борути тир чигуна аст, мо дидаем. Борҳо ашки талхи модарону падаронро бинобар фавти фарзандон мушоҳида кардаем.

Сарвари хирадманду миллатдӯсти мо борҳо ба сокинони кишвар муроҷиат карда гуфтаанд, ки биҳишти рӯи замин маҳз Тоҷикистон  аст. Ва он нафароне, ки аз роҳи ихтиёркардаашон сидқан пушаймон мешаванд, бо дастури Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Мо хуб медонем, ки дар ин миён садҳо ҷавонони дар мактабҳои динии мамлакатҳои арабӣ мехонда ба кишвар оварда шуда, ба онҳо шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон даҳхо оилае, ки дар хориҷи кишвар сарпаноҳ надоштанд, ба кишвар оварда шуд.

Хушхабари дигаре, ки бевосита рӯҳияи кулли мардуми кишварро болида намуд, ин овардани 80 нафар кӯдакону оилаҳое, ки дар Сурияву Ироқ ҳастанд мебошад. Ҳоло таърих ёд надорад, ки сарнавишти як миллатро роҳбари хирадмандаш бо чунин дилсӯзӣ аз хафу хатарҳо эмин дошта бошад. Бо ин иқдоми инсондӯстӣ, миллатпарастӣ ва соҳибдилии хеш Президенти кишвар воқеан ҳам мардумии будани худро исбот сохтанд. Ин гуна борикназарӣ, жарфандешӣ, дилсӯзиро миллати тоҷик замони роҳбарии абармарди миллат Бобоҷон Ғафуров солҳои 50- ум ва 60 уми қарни гузашта эҳсос намуда буд. Акнун мо миллати соҳибиқболем, ки ба чунин рӯзи мурод расидем. Пас мегӯем, ҳалолат бод эй миллати хушбахту комгор!

Усмонҷон Ахмедов,

ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсияи

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд