Дар партавӣ сиёсати хирадмандона ва ба ободию бунёдкорӣ нигаронидашудаи Президенти мамлакат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи навини мо рӯ ба ободонӣ неиҳодааст.

        Мавриди тазаккур ва ёдоварист, ки ҷангу хунрезӣ дар тамоми давру замон нерўи харобкор буд ва инро нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта бори дигар собит сохт.

        Сулҳу ваҳдат барои мо тоҷикону тоҷикистониён бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он қабл аз ҳама натиҷаи талошҳои пайгиронаи хирадпешаи тоҷикон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 ба таври қатъӣ ба ин ҷанги бародаркуш хотима дод. Хирад ва рушноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ѓолиб омад. Созишномаи Москва дар таърихи халқу кишвари мо чун санаи муқаддас ва сарнавиштсоз бо хатти зарин сабт гардид.

Сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард.

Дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу суббот расидем.

        Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз бо зиёда аз 124 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон имрўз узви фаъоли СММ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлати мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин дигар ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

        Мавриди зикр аст, ки маҳз маҳсули таасуббҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-2015 чун даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 ба ҳайси «Соли Байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид, ки маҳз ҳама таклифҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эъмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Имрўз вақте, ки ба як қуллаи бузурги шукўҳу нусратҳои Истиқлолияти давлатии хеш, ки аз он 24 сол сипарӣ гардид, назар афканем дар сароѓози ин андешаномаҳои хеш ба барномаи роҳбари  давлат дар айёми баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ беҳикмат набуд, зеро моро зарурате пеш омада буд, ки акнун барои ба он фурсатҳои миллатсозиамону ҳамсабқи таърих ва дарси давлатдориву давлатсозиамон назар афканем.

        Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ваҳдати миллии мо дар роҳи устувори пояндаву сулҳи бебозгашти тоҷикон, дар дарвозаҳои ваҳдати ҷаҳонӣ, ваҳдати инсониятро устувор орад.

        Таърихи қарибан 25 соли пуршараф дар роҳи истиқлолият ва 18 – соли Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки дар ҳақиқат он шабеҳи дарахти бузургест, ки решаҳои азимаш дар сарзамини қадиму навҷавони тоҷикон ҷой гирифта аз таъриху фарҳанг ѓизо мегирад.

        Дар ин шохаҳои бузурги Истиқлолият ва Ваҳдат кабўтарони ормони халқ лона мондаасту танаи барҷои он мустаҳкамии ягонагиву Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад.

        Тоҷикистони ҷангдида ва азияткашида пас аз мустаҳкам гардидани сулҳи воқеӣ ниҳоят нафаси озод кашид. Меваҳои ширини Ваҳдат, дўстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос гардид.

Хулоса, мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.

Қалбҳои саршорро имрўз суханони таърихии Сардори давлат умед ба гармӣ мебахшад: «То охирин гуреза дар ѓарибӣ аст, ман дар ватан осуда будан наметавонам».

Ин гуфтаҳо дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуданд.

Имрўз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрўзиҳо тавассути тадбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ва ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршори хеш муҳаббати худро ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки барои ободӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъ ҳастанду дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандаву бунёдкории сарвари хирадпешаи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд