Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодону шогирдон бо сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки амалҳои ришваву  ришваситонӣ пояи иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаро суст намуда, эътимоди шаҳрвандонро нисбати ин ё он муассиса коста мегардонад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ироакардаи худ аз роҳбарон, махсусан кормандони мақомотҳои қудратӣ тақозо мекунанд, ки ба ин вабо муборизаи беамон баранд.

Дар баромади Дилшод Зарифӣ таъкид шуд, ки зимни санҷишҳои молиявии корхонаву муассисаҳо танҳо дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 33,7 миллион сомонӣ зарару камбудиҳо ошкор гардидааст. Амалҳои ришваситонӣ дар қиёс ба солҳои пешин дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ камтар ба қайд гирифта шудааст. Зеро ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази миллии тестӣ як андоза мафкураи сокинонро дар мавриди таъмини шаффофият дар раванди қабули довталабон боло бурд. Аммо бо вуҷуди ин ҳастанд қаллобоне, ки аз соддагии сокинон истифода бурда, аз онҳо барои дохилшавӣ маблағи калон мегиранд. Чунин шикоятҳо ба Раёсати агентӣ бисёр меояд.

Ба андешаи Дилшод Зарифӣ танҳо муборизаи дастҷамъона, ҳамкорӣ бо Раёсат метавонад ин зуҳуроти номатлубро аз байн барад. Мутаассифона, минталитети шарқиёнаи мо намегузорад, ки парда аз рӯи амалҳои ҷинояткоронаи баъзе аз порахӯрон бардошта шавад. Махсусан солҳои охир пораситонӣ дар самти гирифтани қитъаҳои замин бештар ба назар мерасад. Раёсати агентӣ дар ин маврид даҳҳо парвандаҳоро боз намудааст, аммо ҳамоно шаҳрвандон ба нафарони қаллобу порахӯр бовар мекунанд.

Номбурда аз устодону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар ин самт бо Раёсати агентӣ робитаро мустаҳкам намоянд ва аз телефонии боварии раёсат истифода кунанд.

Устоди донишкада, номзади илмҳои филологӣ Таиба Бобоева зимни музокира қайд кард, ки дар раванди таълим ба амалҳои ришваситонӣ даст назадан аз ҳадафҳои асосии Раёсати донишкада, шахсан сарвари он Дилафрӯз Саидӣ ба ҳисоб меравад. Таълим ва тарбия дар донишкада тавре роҳандозӣ гардидааст, ки миёни устод ва донишҷӯ иртиботи фардие дар мавриди санҷиши дониши шогирд вуҷуд надорад. Ҳамаи санҷишу имтиҳонҳо тариқи  маркази миллии тести донишкада сурат гирифта, натиҷаҳои он ба интерфейси донишҷӯён ҷо карда мешавад. Чунин навъи санҷиш масъулияти устодону донишҷӯёнро дар мавриди кору таҳсил баланд мебардорад.  

Бо ҳамин вохӯрӣ анҷом пазируфт.