Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ тавассути КШНЗТ-и худ, ки ҳама шуда иборат аз кадом як наҳзатии гумнасабе бо номи Абдусаттор мебошад, эълон намудааст, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот мекунад. Ин ҳам дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар.

Аҷабам меояд... Имрӯз сиёсатҳои духураи Аврупо ба қонунгузориашон то он дараҷа таъсири амиқ гузоштааст, ки ҳуқуқи башарро ҳам ба як василаи бозиҳои сиёсии геополитики табдил додаанд. Дар маҷмуъ, ҳуқуқи башар дар Аврупо кайҳо мурдааст ва мардуми он солҳо боз зери мафҳуми ҳуқуқи башар гейпарадҳоро мефаҳманду якчанд девонаавзои муҳоҷири дигарро, ки бар зидди ватанашон гап мезананд. Ба унвони мисол, инҳо аз Аврупо талаб доранд, ки ба мо гугирд диҳед, то хонаи худро сӯзонем ва дар хонаи шумо ғуломвор хизмат кунем. Намедиҳанд? Албатта медиҳанд! Аз онҳо чи меравад?!

Дар зимн онҳо ба ин қонеъ нашуда, аз Аврупо талаб доранд, ки дигар ба Тоҷикистон ҳамкорӣ накунад ва зинҳор дигар ба давлати ин кишвар гугирд надиҳад, зеро ки онро барои равшан кардани чароғи хонааш истифода мебарад на барои сӯзондани он. Аммо ин гумроҳон фаромӯш кардаанд, ки дар сатҳи роҳбарии давлатҳои Аврупо низ одамони бохирад зиёданд ва ҳеҷ гоҳ ба хотири чанд гейопозитсия муносибатҳои сатҳи олиро вайрон намекунанд. Ҳамзамон, медонанд, ки мо дигар эҳтиёҷи зиёде ба гугирд надорем. Мо чархаи аввали НБО “Роғун”-ро ба кор даровардаем ва минбаъд агрегатҳои дигарашро низ ба кор дароварда,  дунёро ба нуру равшанӣ таъмин мекунем...

Боз бар мегардем сари тазоҳуроти наҳзатиён – аз аққалиятҳои ҷинсӣ то “баёния”-ҳои сиёсӣ. Агар хонанда дар хотир дошта бошад, 30-юми июли ҳамин сол як гурӯҳ наҳзатиён дар Германия гейпарад ташкил карда буданд ва шарм надошта парчами Тоҷикистонро ҳам дар даст гирифта, либосҳои миллии занона пӯшиданд ва лоақал ришҳояшонро ҳам натарошиданд (зеро ришашонро барои мусалмонҳоро фиреб додан минбаъд ба кор мебаранд). Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки дар Аврупо муҳлати паноҳгоҳи сиёсиашон чанд соли дигар тамдид карда шавад. Тавре гуфтем, дар Аврупо “ҳуқуқ”-и ақалиятҳои ҷинсиро бахши муҳимми ҳуқуқи башар медонанд. Аммо дар айни замон аврупоиҳо содда нестанд ва ба ҳар кас зуд бовар намекунанд, ҳатто агар дар гейпарад ҳам иштирок кунад. Аммо ба наҳзатиён чи гуна бовар карданд? Хеле зуд! Чунки Кабирӣ ба онҳо босароҳат собит кард, ки саркадагони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ солҳои зиёд дар Афғонистон дар баробари таълимоти ҷангӣ гирифтан аз мактаби баччабозии афғонҳо низ гузаштаанд ва имрӯз ин таълимотро ба шогирдони ҷавонашон низ “бо меҳру муҳаббати хоса” таълим додаанд.

Фикр мекунед, барои чӣ ҷавононе, ки ба доми наҳзат меафтанд, ҳеҷ дигар канданӣ надоранд?! Ба хотири идея? Ҳеҷ гоҳ! Чунки ҳама медонад, ки идеяҳои наҳзатиён бо истифода аз дини Ислом гумроҳ кардани мардум аст. Ин чанд ҷавони гумроҳшуда низ ба зудӣ ба моҳияти масъала сарфаҳм мераванд, аммо дигар роҳи бозгашт надоранд. Зеро баъди гузаштан аз мактаби баччабозии роҳбарони наҳзатиашон ба онҳо роҳи дигаре боқӣ намемонад. Ин воқеиятро чун дар Тоҷикистон буданд, ба хотири шарманда нашудан миёни мардуми мусалмони тоҷик сахт махфӣ нигоҳ медоштанд. Аммо муддати чанд соли охире, ки дар Аврупо, хоса дар пойтахти гейҳои ҷаҳон ба сар бурда истодаанд, оҳиста-оҳиста дилашонро кушода истодаанд ва бо ришҳои наҳзатмаобашон озодона ба ҳамоиши ақалиятҳои ҷинсӣ мераванд. Гумон мекунед, наҳзатиён танҳо барои баргузории тазоҳурот назди сафорати Тоҷикистон ба ҳукумати Берлин муроҷиат карда ҷавоби мусбӣ гирифтаанд. Эҳҳааа, хестед, ки хобед! Як ба феҳристи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Берлин назар андозед, даҳҳо аризаҳоеро аз номи наҳзатиён мебинед, ки барои никоҳи ҳамҷинсӣ бо якдигар ариза додаанд ва аксарияташон қонеъ низ гаштааст. Шояд гӯянд, ки рақибони сиёсиамон моро туҳмат мекунанду ғайраву ҳоказо. Аммо ба ростӣ, мо шарм медорем ин ниммарду номардҳоро ҳатто рақиби сиёсӣ ном барем, чи расад ба туҳмати ин бандаҳои заифимон. Зимнан, агар касе ба ин гуфтаҳо шакку шубҳа дорад, ҳамроҳии чан нафар наҳзатӣ (барои он ҳамроҳ, ки он ҷо бо розигии худашон ба Шумо маълумот медиҳанд – ҳуқуқи гейҳо баланд-да) ба дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Берлин раванд, метавонанд пурра мутмаин шаванд. Дар дасти мо низ чанд нусхае аз ин санадҳо ҳаст, аммо бо эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳурмат ба арзишҳои демократияи Аврупоӣ онҳоро нашр намесозем. Аммо касе сахт хоҳиши диданашро дошта бошад, ба шарти расонаӣ накардан, ҳозирем нишонаш диҳем.

Ҳамакнун, Кумитаи шайтонсириштони наҳзатии зидди Тоҷикистон (КШНЗТ) ба тозоҳуроти нав дар Берлин омодагӣ дида истодаанд. Мавзӯъ – маҳбусони сиёсӣ. Бешармона дар изҳороташон эълон ҳам кардаанд, ки безерар гардонидани ҷинояткорони узви гурӯҳи террористии ДИИШ, ки дар зиндон бетартибӣ андохтаанд ва дар гузашта ҳазорҳо инсони бегуноҳро қурбон кардаанд, ҷинояти зидди башар аст. Аҷаб мантиқи аблаҳонае доранд ин наҳзатиён. Ҳарчанд дар гузашта борҳо кӯшиш карданд, ки Ҳаити террористу Зайди дузд ва Ёрови мошенникро маҳбуси сиёсӣ эълон карда, эътирофи ҷаҳониро ба даст биёранд, аммо муваффақ нашуданд. Зеро барои ҳама симои манфури ин шахсон маълум гаштааст ва кӣ буданашонро ҳама медонад. Ҳоло наҳзатиён дудила ҳастанд, ки аз парвандаҳои ин се нафар муҳри махфии наҳзатро бардошта, эшонро аз роҳи  ақалиятҳои ҷинсӣ муаррифӣ кардан кӯшиши озод намудан кунанд, ё хайр. Тавре гуфтем, наҳзатбаччаҳо дар пойтахти ҳамҷинсгароёни ҷаҳон ҷасуртар шудаанд, шояд қолабшиканӣ кунанд.

Орзу ҲАМИДИЁН, ҷомеашинос