Соҳибназар Раҳимов аз ҷумлаи устодонии фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, имрӯз дар ҷодаи илм натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки устоди номбурда ҳанӯз аз аввали фаъолияти худ нисбати пешрафти илм дар донишкада фаъолияти самаранок дошта, ҳамчун омӯзгори ботаҷриба ва донандаи илмҳои дақиқ шинохта шудааст. Тайи солҳои фаъолият якчанд нафар шогирдонро аз илми дақиқ махсусан физика баҳраманд сохта, ҳамчун мутахасиси баландпоя ба камол расонидааст.
Натиҷаи ҳамаи ин фаъолияти босамари устод Соҳибназар Раҳимов дар соҳаи илму таълим буд, ки имрӯз дар дафтари таҳлилии китобхонаи электронии ELIBRARY.RU коэффитсенти “Хирш” – и мавсуф ба 9 баробар шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки китобхонаи илмии – электронии ELIBRARY.RU барои устодони тамоми олам, ки бо иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ мақолаву рисолаҳои илмии худро ҷой медиҳанд ва аз рӯи индекси «Хирш» то чӣ андоза актуалӣ будани кори илмии онҳо баҳогузорӣ карда мешавад. Метавон гуфт, ки сатҳи дониш ва кори илмии воқеъии устодонро аз рӯӣ ҳамин нишондод метавон баҳо дод.
Ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишкада устоди муаззаму пуртаҷрибаро бо ин дастоварди бузург дар ҷодаи илм табрику шодбошиҳо намуда, умед ба он мебанданд, ки дар ояндаи сафи устодони донишкада ба мисли ин олими доно афзуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада боз ҳам саҳми муносиби хешро мегузорад.