Дар арафаи асри XXI Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шуд ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифт.

Баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ, ба Тоҷикистон имконияти мустақилона интихоб ва пеш гирифтани роҳи ислоҳоту рушд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омад, зарурияти пешбарӣ кардан ва ба роҳбарӣ гирифта шудани ақидаҳои нави пешқадам баръало мушоҳида гардид. Зарурияти пешбарӣ кардан ва амалӣ намудани ғояи пешқадам ва созандае лозим гардид, ки то мардумро муттаҳид ва пояи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагиро таҳким бахшад.

Тоҷикистон, ки бо сарварии Асогузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт, дар баробари пешравиҳо, дучори монеаҳои ҷиддӣ гардид, ки барои бартараф кардани онҳо нерӯю афкори созандае, ки кафолати таъмини ободию созандагӣ, омили пешрафти ҷомеа гардад, ногузир буд.

Дар ҳамин раванд солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, як гурӯҳ ба роҳбарӣ гирифтани таҷриба ва ғояҳои  давлатҳои пешқадами Ғарбро ҳамчун роҳи ягонаи наҷот ва халосӣ аз душвориҳо донанд, гурӯҳи дигар умедҳои худро фақат ба худшиносӣ, таҷрибаи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ вобаста карда буданд. Зумраи дигар, бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави Тоҷикистон, ҳамчун давомёбии низоми тоталитарии коммунистӣ баҳо дода,  дар ҷустуҷӯи барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ буданд[1].Ҷойи муқаддас - эътиқоди мардум, фазои идеологӣ холӣ намонд. Дере нагузашта дар қатори чунин ақидаҳо, дар байни мардум афзалият пайдо кардани ақидаҳои низоъангезу ифротангез, ақидҳо ва шиорҳои «гӯё» динӣ мушоҳида гаштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирӣ ва  маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар, тавонист тарафдорони худро пайдо намояд, муттаҳид ва мусаллаҳ созад, ба руҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад, халқи меҳнаткаши оддиро ба вартаи низоъ ва фоҷеа андозад. Ин амалҳо дини мубини исломро доғдор намуда, ба эътибору нуфузи он зарар расониданд.

Дар байни мардуми Тоҷикистон зуд паҳн гаштан ва афзалият пайдо кардани ақидаҳои аз дини мубини ислом сарчашма гирифта беҳуда набуд, чунки мардум дар тӯли садсолаҳо ба дини мусулмонӣ эътиқод доранд, ба меъёрҳои он пайравӣ мекунанд, онҳоро муқаддас медонанд[2]. Лекин, бинобар дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мазмуни аслии меъёрҳои дини ислом ва минбаъд бо ҳисси манфиатдорӣ, шӯҳратпарастӣ нодуруст, ба таври  ғалат шарҳу маънидод ва шитобкорона ташвиқоту тарғибот шудани асос ва қоидаҳои динӣ аз ҷониби «ба ном» ҳомиён ва ходимони дин, боиси он гардид, ки  мақсадҳои ниьоии ифродгарон зери пардаи демократияи исломӣ, ноаён монд. Ба зумраи чунин ниқобдорон Ҳизби наҳзати ислом роҳи худро пеша гирифт. Мутаассифона қисме аз мардуми зудбовар ва софдили кишвар, аксарият ҷавонон, ба доми фиреб ва иғвогарӣ афтода ҷони худро дар кашмакашҳои хунини маҳаллию гурӯҳӣ фидо карданд[3]. Ин оқибатҳои таҷовузи мақсадноки идеологии қувваҳои сиёсие буд, ки вазъияти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро ба сӯи фоҷиаҳои даҳшатноки ниҳоӣ такон доданд.

Барои паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва бо мақсади таҳким бахшидан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди афкори созандагию бунёдкорӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами мо Э.Раҳмон хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «Мақсади мо бунёд кардани амнияти мутараққӣ аст. Вай аз таҷжрибаи бойи ба дастовардаи давлатҳои пешрафта баҳра бардошта, ҷавобгӯйи омолу ормонҳои мардум хоҳад буд…. Ормони мо давлатест, ки  ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мусоидат менамояд»[4].

Ҳамин тавр, падида ва зуҳуроти фаъоли чунин нерӯҳои таьрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ ногузир ба густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мусоидат мекунад. Суръати густариши онҳо ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд[5]. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор