Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза манфиати илмиву назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ кашф намудааст. Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу харакатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Мутаассифона, имрўз зиёиёни кишвар, ба вижа, устодону донишмандони мамлакат дар мавриди интиқоди ҷиноятҳои фоҷеабори аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом  фаъол нестанд. Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорон танҳо кормандони ниҳодҳои низомии Тоҷикистон фаъоланду халос. Ин дар ҳолест, ки ҷавонони мамлакат аз ҷумлаи донишҷўён, олимон ва мутахассисони ҷавон ба ҷузъ изҳороту баромадҳои расмӣ дигар ягон маводи муфидро дар ин мавзуъ ба дасти чоп намерасонанд, ки ин воқеан боиси нигаронӣ мегардад. Чунки дар ин раванд бояд, пеш аз ҳама, ҷавонон фаъол бошанд. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем. Дар айни замон дар барорбари мақомоти олии роҳбарикунандаи Тоҷикистон инчунин роҳбарияти кишварҳои муштаракулманофеъ низ аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ карда, барои муқобилияти шадид алайҳи терроризм ва экстремизм тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ахиран изҳор дошт, ки кишварҳои шомили Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ ҳарчанд дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм қадами устувор гузоштаанд, вале воқеияти имрўза собит месозад, ки ин ҳама тадбирҳои андешидашуда дар мубориза алайҳи ифротгароёну ситезаҷўён кофӣ нест. Маълумотҳои бадастомада далолат медиҳанд, ки боқимондаҳои ҷанговарони ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҷамъ омада, дар оянда барои идома додани тахрибкориҳои худ бо кўмаки хоҷагони хориҷии худ таҳсилу тамрин мекунанд. Вазъияти мураккаби ҳарбию сиёсии дар сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ ба миёномада моро водор месозад, ки ин масъаларо ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, тадбирҳои судманд биандешем.

Дар ин раванд, ба наздикӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар диққати сокинони мамлакатро ба ин масъалаи мубрами рўз ҷалб карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи ифротгароиву тундравӣ ҳушёру муттаҳид бошанд.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Албатта, имрўз мардуми кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои бузург ноил гардидааст. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии кишвар ва таъмини ҳаёти хуби мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳа, аз ҷумла дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм пирўзу дастболо бошем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд