Тавассути  сомонаи радиои BBS ташкилоти террористӣ эълон гаштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз ҷониби Амрикоро мутоила намуда, аз андешаҳои коршиносони масоили сиёсӣ, олимон дар ин мавзӯи мубрами рӯз ошно гардидам. Бояд гуфт, ки  ин изҳорот миёни омма дастгирии зиёде ёфт. Ва далелу асноди зиёде ҳам мавҷуданд, ки  сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба вазъи суботи сиёсии ҷаҳони муосир халал ворид месозад.

Аввал ин, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад, ки тариқи гурӯҳу ҳаракатҳои ҷанбаи исломидоштаи худ норозигии аҳли сайёраро нисбати дини мубини ислом зиёдтар намояд. Сониян сиёсати духӯраи ҳукуматдорони Эрон боис бар он гардад, ки худи сокинони ин кишвар аз шиддатёбии вазъ бо кишварҳои абарқудрат изҳори нигаронӣ доранд. Таҳлилҳои хадамоти махсуси ҷосусии Амрико исбот намудааст, чандин шабакаҳои террористиву экстремистии оламро маҳз ҷониби Эрон дастгирӣ мекунад.Яке аз ҷунбиши ба ном тавонои онҳо ҳизби маъруф бо номи “Ҳизубуллоҳ” мебошад, ки ба истилоҳи кӯчагӣ “бародар”- калониву ҷонии Ҳизби наҳзати ислом аст.

Саркардагони ин ҳизб ҳанӯз солҳои 80 –уми қарни гузашта маблағгузори асосии ҲНИ буданд. Чун аз як ишора хоҷагони эронӣ дӯстони тоҷики худро мефаҳмиданд, ба онҳо маблағҳои калони бебозгаштро илқо менамуданд. Маҳз мавҷи бозсозиву исломшиносӣ, бундёди масҷидҳо аз ҳамин давра шурӯъ  гардид. Аввали солҳои навадум таъсири наҳзатиҳо онқадар тавоно буд, ки волидон ба хотири “саводноккуни”-и фарзандонашон онҳоро аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифта, назди домуллотарошони наҳзатӣ мемонданд. Ин нодидагириҳои мактаби муосири ондавраро имрӯз мо аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷавонон дида истодаем.

Дар шабакаи байналмилалии “Фейсбук”,  “Ҳамсинфон”  даҳхо изҳороти бесару нӯги исломпарастони ашадиро меьбинем, ки худ намедонанд, ки чӣ менависанд.Маҳз самараи ҷонбозиҳои наҳзатӣ буд, ки аксари шаҳрвандон бо нишони ихлосу садоқат ба Худованд ва пайғамбарамон ба ҲНИ пайваст мешуданд. Яъне, Нуриву Кабирӣ ва дигарон бо эҳсосот мардум бозӣ мекарданд.Аз ҳама муҳимаш он, ки насли имрӯзи ин тоифа “Ватанхоҳон” дар мисоли   Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Саидюнус, Шарофиддин  ва Илҳом Ёқубов доир ба масоили ташкилоти террористӣ эълон гаштани сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз ҷониби Амрико хомӯширо ихтиёр кардаанд? Дар ҳоле ҳамеша сафсатафурӯшӣ мекунанд...Чаро? Чунки онҳо ягон далел надоранд, ки худро сафед кунанд.

Дар сурати сафед кардани хоҷаи худ мавҷи вокунишҳои зиёде бар сарашор бор мешавад. Ҳатто Шарофиддин, ки худро қаҳрамони миллат метарошад, ба ин изҳороти ҷониби Амрико харфе гуфта натавонист.  Сукут аломати ризост. Яъне, мушкил аст, маблағи ҳангуфти касеро хӯрдан. Мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ҳамҳамаю аврупогардиҳо, инқадар вокунишҳо кардан аз ҳисоби кист. Пас иқрор шавед эй ҷанобон, ки Шумо муздурони эрониҳо ҳастед ва ҳаргиз сухани худро гуфта наметавонед. Бигзор мо дар Ватани худ мисли Шумо фохира напӯшем, мисли Шумо бо олмониҳо бо забони олмонӣ бо голландҳо бо забони ҳолландӣ сухан накунем ҳам, дили бузург дорем. Ватан дорем, ки моро дар оғӯшаш сахт доштааст. Ва мегӯем зиҳӣ эй ҳамватан, ки мақсадат беҳбудисозии кишвар аст.

Гулчеҳра Муллоусмонова, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ