Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

       Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии дар дӯшдошта, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареѓ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васояти ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшон бедор намуд. Чихеле, ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифат муҳассилин ѓанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Мо метавонем бо воситаи фиттаҳо он ҷавонони гумроҳе, ки ба дасисаи душманон гирифтор шуда, ҳоло қисме дар ѓарибиҳо фавтидаву қисме сарсону саргардонанд, намоиш диҳем, то ҷавонон бохабар шаванд. Суҳбатҳо ташкил намуда, дар бораи моҳияти «Қуръон ва дини ислом» маълумот диҳем, то ки ҷавонон фаҳманд, Қуръон саропо панд аст ва покиро талаб мекунад. Қуръон дурӯѓ гуфтан, дуздӣ кардан, зино кардан, хун рехтанро манъ мекунад. Ҳоло он, ки ҷавонони гумроҳ дар зери ниқоби ислом хунрезӣ мекунанд, гӯё, ки дар роҳи ростиву имон ва дин меҷангида бошанд. Магар онҳо Модар, хоҳар, фарзанд ва Ватан надоранд?

       Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадор аст, ки дар тарбияи фарзандаш масъулиятшинос бошад, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати таѓдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад. Имрӯз маориф ва мактабро зарур аст, моҳияти «Қонуни масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд» дар ҷамъомадҳои умумимактабӣ, маҷлисҳои падару модарон, соатҳои тарбиявӣ ҳаллу фасл намоянд.

А Рашидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд