ҲНИТ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИТ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИТ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИТ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИТ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Ба мазмуни баёния назар афканед, баралло ҳис мекунед, ки аз он бӯи ифрот ва ифротгароӣ меояд. Онҳо таҳдиди рӯирост ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, суботу оромии давлату ҷамъият ва даъвати оммавӣ барои бетартибиҳо карда истодаанд, ки бояд дар назди қонун ҷавоби зарурӣ диҳанд.

Муаллифони баёния фикр мекунанд, ки оромию суботи ҷомеа дар дасти гурӯҳи кӯчаки аъзои ҲНИТ мебошад ва хабар надоранд, ки бархе аъзони пешинаи он дигар пайравӣ ба онҳо надоранд.

Интихоботи соли 2015 ғалберро аз об бардошт ва баъд ба раёсати олии он аён гардид, ки тарафдоронашон кам мондааст ва бад ба навиштани баёния ва эътирозҳои ғайриқонунӣ пардоха истодааст.

Боварӣ дорем, ин дасисабозиҳои раёсати ҲНИТ –ро дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд дастгирӣ намекунад

Насим Тошхӯҷаев,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд