Дар сӯҳбати як рассоми гурҷӣ, ки тифоқан тариқи вилояти мо ба ҷониби вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекард, қарор доштам. Ӯ аз табиати афсонавии кишвари мо васф карда, мардумашро батолеъ унвон кард. Аз вазъи душвори геополитики ҷаҳон ёдовар  шуд ва қайд кард, ки ноамниҳои давлатҳои Ироқу Шом агар аз як ҷониб ба кишварҳои абарқудрат вобаста бошад, аз ҷониби дигар маҳз тангназарии худи мусулмонҳост. Ба андешаи ин марди сафардида, ки ними ҷаҳонро тавассути мусаввираҳояш тай кардааст, дар ҷаҳон як қувва ва нерӯе мавҷуд аст, ки мехоҳад заифии ин ё он давлат ва ё миллатро бар зидди ҳамон давлат муқобил гузорад.

Воқеан ҳам бояд суханони ин мардро эътироф намуд, ки заифии мусулмонҳо он аст, ки онҳо дини исломро қабул намуда, ба гурӯҳу фирқаҳои гуногун ҷудо мешаванд ва бубинед, ки рехтани хуни ноҳақ  дар «Қуръони карим» бузугтарин гуноҳ аст, аммо  онҳо дидаву дониста ин корро мекунанд. Яъне ирода дар дасти худи онҳо нест. Ба ёд меоварем замони ҷанги Ироқу Эронро решаи аслии ин ҳама нофаҳмиҳо ва ҷангу хунрезиҳо маҳз гаравидани мусулмонҳо ба ин ё он мазҳаб мебошад. Биёед ба умқи таърих рӯ меоварем ва тавофути ин ду мазҳабро аз таърих пайдо мекунем.

Аслан решаи пайдоиши суннимазҳабиро ба замони зиндагии пайғамбар Муҳаммад рабт медиҳанд ва дар ҳадиси маъруфе пайғамбари ислом фармудаанд:  «Маҷус (зардуштия) ба ҳафтод фирқа, яҳудия ба ҳафтоду як фирқа, насрония ба ҳафтоду ду фирқа тақсим шудаанд ва уммати ман ба ҳафтоду се фирқа тақсим хоҳанд шуд ва танҳо яке аз онҳо наҷотёфта (аз оташи дўзах) мебошанд».

Пурсиданд: «Кист он, ки наҷот меёбад?» Расули Худо фармуд: «Аҳли суннат ва ҷамоат». Боз пурсиданд: «Аҳли суннат ва ҷамоат кистанд?» Гуфт: «Онҳое, ки имрўз ман ва саҳобаҳои ман бар онанд риоя мекунанд». Яъне ончунон, ки ман ва саҳобаҳоям кору амал ва хулқу рафтор дорем, кору амал ва хулқу рафтор доранд.

Аммо дар ин миён ҳамчуноне, ки пайғамбар пешгӯӣ намудани мазҳаби шиа низ нимаи дуюми асри ҳафт, аз ҷониби пайравони ҳазрати Алӣ рӯи кор омад. Ва ҳамин тавр наздики 1300 сол аст, ки ду мазҳаб, ки решаи он шинохти Худованд бо воситаи дини мубини ислом аст, бо ҳамдигар дар рақобат ҳастанд. Имрӯз доманаи суннимазҳабон дар қиёс бо шиамазҳабон васеътар буда, мусулмонҳои кишварҳои арабӣ, Ироқ, Африқои Шимолӣ, Туркиё, Афғонистон, Индонезия, вилоятҳои мусулмоннишини Русия, кишварҳои Осиёи миёна пайравони мазҳаби суннӣ ҳастанд. Кишвари Эрон, Озарбайҷон, Баҳрайн ва қисме аз Арабистони Саудӣ дар мазҳаби шиа қарор доранд.

Мусаллам аст, ки ҷониби шиапарастон мехоҳанд, тарафдорони худро зиёд намоянд, мақсади суннимазҳабон низ ҳамин тур аст. Дар ин миён боз мазҳаби дигар бо номи Алавӣ фаъолият дорад, ки аксари шаҳрвандони Сурия маҳз пайрави ҳамин мазҳаб ҳастанд. Ва яке аз омилҳои асосии ҷанг дар Сурия маҳз рақобати шадиди мазҳабҳо ва дастгирӣ ёфтани ин ҷараёнҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрат мебошад. Маҳз маблағҳои зиёде, ки хоҷагони беруна ба нафарони «сарсупурда» мебошад, ки имрӯз ин мамлакати ҷангзада аз вартаи ҳалокат берун шуда наметавонад. Зеро ҳукумати қонунӣ товони ба даст гирифтани иродаи халқро надорад. Яъне, мафкураи мардум ҳамон андоза пойбанди хурофот ва дину диёнати сохта шудааст, ки ҷилавгирӣ аз ин воқеот амрест маҳол.

Душманони миллати мо низ мехоҳанд, ки айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ рух диҳад. Имрӯз хатари терроризму экстремизм дар кишварҳои Осиёи Миёна баръало эҳсос мешавад. Хоҷагони беруна махсусан ба Тоҷикистон бештар такя мекунанд. Зеро ба андешаи онҳо ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тӯли фаъолияти 40 –солаи худ заминаи мустаҳкаме барои ба даст овардани мақсадҳои ниҳоии хоҷагони беруна гузоштааст. Як муддат имконият додани давлат ва Ҳукумат барои озодона фаъолият бурдани ин ҳизб бар он оварда расонд, ки наҳзатиён натанҳо сафи аъзо ва пайравони худро зиёд намуданд, ҳамчунин ошкорову пинҳонӣ тавассути дастмузди хоҷагони эронӣ тавонистанд ҷавҳари мазҳаби шиаро дар мавриди исломпарастӣ миёни мӯътақидони дини ислом ҷой намоянд. Ба имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеаи марказҳои шаҳр нафаронеро монданд, ки тавассути ҷомеаҳои тундрави ансурлоҳ ва таблиғ пинҳонӣ суннимазҳабонро ба шиапарастӣ даъват менамуданд. Зеро онҳо ба ин манфиатдор буданд ва ҳафта ба ҳафта, моҳ ба моҳ долларҳои фиристодаи «роҳбарон»-ро бар манфиати худ истифода мебурданд.  Худи роҳбарони олимақоми ҳизб, ки кисаҳояшонро аз хоҷагони эронии худ пур менамуданд, ҳозир буданд, ки ба як пула чиз дину имонашонро фурӯшанд. Исботи ин ҳама гуфтаҳо пуштибонии Эрон аз наҳзатиён аст, ки ба онҳо паноҳандаи сиёсӣ медиҳанду ошкоро аз манфиатҳояшон дифоъ мекунанд. Худи Кабирӣ низ се сол қабл дар як мусоҳибааш бо корманди радиои «Озодӣ» гаравидани ҷавононро ба шиапарастӣ як амри муқаррарӣ дониста буд.  Ба гуфтаи ӯ, “ҳарчанд як теъдод ҷавонон ба ин мазҳаб гаравидаанд, ин раванди оммавӣ нест ва ба ҳуввияти милли мо дар ояндаи наздик хатаре нахоҳад дошт”.

Аммо ба андешаи коршиносон густариши раванди гароиш ба дигар  мазҳаб ҳамонтавре, ки дар боло ишора рафт, паёмади номатлуб дорад ва шояд боиси сар задани низоъҳои нав дар Тоҷикистон шавад. Ва мақсади ниҳоии ин ҳизб низ ҳамин аст, ки тавассути табодулоти давлатӣ ҳокимиятро ба дасти худ гирад ва шиапарастиро дар кишвари мо ҷорӣ намояд. Наҳзатиён бо дастгирии хоҷагони Эронӣ замони нобасомониҳо ба нест кардани шахсиятҳое шурӯъ намуданд, ки воқеан ҳам тӯдакаш буданд ва таъриху тамаддунро хуб медонистанд. Аммо мо ба ин миллати ҳамзабону ҳамкеш, ки пайвандии ногусастанӣ дорем, чун бародар рафтор намудем ва дастгириҳои онҳоро аз самими дил пиндоштем. Гумон намекардем, ки зери ин ҳама хушгӯиҳо ва «маърифатпарастиҳо» чӣ асроре ниҳон аст? Агар Эрон воқеан ҳам амну амонии кишвари моро мехост, мӯшикофона ин ҳама ҳолатро таҳлилу баррасӣ мекард, нафареро, ки бо «хушгӯиҳояш» ном баровардаасту заррае ҳам ба ин обу хок дилбастагӣ надорад, дастгирӣ намекард. Бо конфронсу симпозиумҳо даъват намекард. Аз як хоини миллат қаҳрамон наметарошид. Яъне, кишвари Эрон аз як миллати тамаддунофар ба миллати манфиатҷӯ табдил ёфт. Аниқтараш муносибати ҳасанаи фарҳангиву маънавиро ба манфиати сиёсии худ анҷом дод. Мо, Тоҷикистониён пайрави мазҳаби Абӯҳанифаем, ки инсонро ба ростиву покӣ ҳидоят месозад. Пойбанди ягон манфиати беруна, ки мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ доранд, нестем ва ин миллати саодатхезу саодатрезро бо меҳнати суботкорона, дилу нияти пок ҳифзу  муқаддас медорем.

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд