Устодони гиромӣ, шогирдони азиз! 

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фараҳмандии беандоза, Шуморо ба муносибати фаро расидани яке аз ҷашнҳои муқаддасу миллии кишварамон 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегуям. 

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят ҳам пурарзиш аст, ки миллати тоҷикро соҳиб ба сарнавишту тақдири ояндаи хеш намуд ва ҷомеаи моро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати демократӣ шинохта гардонд.  

Истиқлолият рамзи давлатдории миллии тоҷикон буда, он решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад. Ва бо гузашти ҳазорсолаҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун давлати суҳибтамаддун дар харитаи сиёсии ҷаҳон, давлати миллие бо номи мубораки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Албатта миллати тоҷик аз азал ватандӯсту меҳанпараст ва худшинос буд, ки Сулҳу Ваҳдат ва озодиро ҳамеша эътироф мекард.  

Ҳодисаву воқеаҳое, ки солҳои наваддуми асри гузашта дар кишвар рух дод ҳар як шаҳрванди худогоҳу масъулиятшиносро бори дигар водор сохт, ки нисбат ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, пойдор ва ба даст овардани суботи ҷомеа бештар масъулият ҳис намоем.  

Бешубҳа, самараи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани ин дастоварди бузург, яъне Истиқлоияти  давлатӣ дар масири давлатдории навини тоҷикон басо назаррас аст.  

Дар ҳақиқат Истиқлолият волотарин дастоварди миллати мост, ки зиндагонии мардуми тоҷикро нур бахшидаву саодату нусрат додааст. Ояндаи миллатро дурахшону пояҳои давлати тоҷиконро устувор гардонидааст. Дар дилу дидаҳои мардуми саодатманди кишварамон шӯълаи уммед пошида, умри миллатамонро бақо бахшидааст. 

Шинохти Истиқлолият ин рамзи ҳуввияти миллӣ ва ватандории мардуми шарафманд ва сарфарози миллати тоҷик аст, ки ин дастоварди таърихӣ тақдири ояндаи мардуми тоҷик набзи сайёра ҳамсадо месозад.  

Ҳамин рамзи давлатдории миллии тоҷикон ва Истиқлолияти давлатӣ буд, ки имрӯз аллакай миллати тоҷик мақому манзалати худро дар арсаи ҷаҳони муосир ҳамчун миллати тамаддунофар касб намудааст. 

Дар ҳама давру замон шинохти ҳар қавму миллат ва аслу наҷоди халқҳоро аз фарҳангу тамаддунаш мешинохтанду эътироф менамуданд. Ва яке аз арзишҳое, ки Истиқлолияти давлатӣ онро ба мо поянда кард ин фарҳанги ниёкон ва суннатҳову арзишҳои милламон мебошад.  

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатиамон мо дар тӯли 28 сол ба арзишҳои ниҳоят муқаддасе шарафёб гадидаем, исботи ин гуфтаҳо дар он аст, ки сохта ба истифода додани иншооти азими аср, Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад ва хурсандиовар он аст, ки агрегати дуюми он маҳз дар тантанаи ҷашнгирии соҳибистиқлолии Ватани азизамон рост омад. Ва дар ҳамин раванд дар даврони мустақилияти кишвар, миллати тоҷик дар рушди тамоми соҳаҳо муваффақу комгор гардид.  

Аслан Истиқлолият ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ва рукни ба ҷаҳонӣ мутамаддин пайвастани кишвари азизамон Тоҷикистон аст. Ҳамин рисолати таърихии миллатамон буд, ки имрӯз кишвари моро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар тамоми олам эҳтирому эътироф мекунанд. 

Мо, сарфароз аз онем, ки давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва барои фаро гирифтани эшон ба таълиму тадрис ҳамаи шароитҳоро муҳайё месозад.  

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи тақвият бахшидани базаи моддиву техникӣ, рӯз то рӯз рӯ ба беҳбуди ниҳодани мактабҳои олӣ шароит фароҳам меоварад, то ҷавонон майл ба омӯхтани касбу ҳунар гарданд. Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон аст ва беҳуда нест, ки онҳоро ҳамчун оядаи дурахшони миллат ном мебаранд. Ва маҳз дар пайравии Пешвои миллат, раёсати Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон талош менамояд, то барои донишҷӯён шароити мусоиди таълимро фароҳам оварда бошад. Исботи ҳамин гуфтаҳо буд, ки роҳбарияти донишкада иқдом гирифт, ки дар давоми таътили тобистона  бинои факултети Информатика ва энергетикаро пурра аз таъмир бароварда ба соли нави хониши 2019-2020 омода созад. 

Мо бояд аз чунин дастовардҳои миллатамон ифтихор кунем ва барои устувории пояҳои давлатдориамон дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намоем, ки Ватани худро соҳибу содиқ бошем.  

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада бо ифтихорманди ва истиқбол аз чунин як ҷашни муқаддасу миллӣ кӯшиш менамоянд, ки бо азму ирода қавӣ софдилона ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд. 

Бори дигар ба кулли Шумо устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ ин санаи фархундаву рамзиро муборакбод мегӯям. 

Пояндаву ҷовидон бод Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ!