Устодони гиромиқадр!
Рўзи муаллим, ки ҳамасола дар кишвари мо якшанбеи аввали моҳи октябр гузаронида мешавад, рамзи қадршиносии омўзгор ва нишони эҳтироми ў дар ҷомеа мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва бахусус гиромидошти Рўзи омўзгор ҳамаи Шумо устодони азизу арҷмандро самимона табрику муборакбод менамоям.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки самти иҷтимоӣ эълон намуда, ба рушду инкишофи он, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, сатҳу сифати донишандўзии хонандагону донишҷўён дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд, нисбати кормандони соҳаи маориф, бахусус омўзгорон ғамхориву дилсўзӣ, эҳтироми беандоза зоҳир менамоянд.
Дар ҳама давру замон омўзгорон машъалафрўзи илму дониш буда, шогирдони худро дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию ватанпарварӣ тарбия менамоянд. Камолоти маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии ҳар як фард ба таълиму тарбия вобастагии қавӣ дорад. Рўзгори инсон ва ҳаёти ҷомеа ба василаи таълим ва дониш пешрафт ва тараққӣ хоҳад кард. Дар сурате зиндагии инсон рўз аз рўз беҳтар хоҳад шуд, ки дониш омўзад, таълим гирад ва дониши худро такмил диҳад.
Воқеан ҳам Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад.
Гузашта аз ин бо дастгирии Давлату Ҳукумат инфрасохтори донишкада муқтадир гашта, барои беҳтар шудани раванди таълиму тарбия шароит муҳайё карда шуд, ки устодон барои тарбияи кадрҳои баландихтисос фаъолияти пурсамар доранд.
Ба ҳамагон мусаллам аст, ки омӯзгорони мо истеъдоди лаёқати илмомӯзӣ ва маърифати донишҳои замонавиро доро мебошанд ва шогирдонашонро бо ахлоқу одоби ҳамида ва бо рафтори шоиставу намунавӣ тарбия менамоянд.
Маҳз натиҷаи чунин ғамхорию заҳматҳои Шумо устодон буд, ки имрӯз донишҷўёни мо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Устодони арҷманд!
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо устодон бо азму ирода, кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар гиромидошти Рўзи омӯзгоронро ба кулли устодони арҷманд табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбӣ таманно менамоям.
Ид муборак, устодони азиз!