Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабонӣ ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Мардумони шарафманди миллати мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Вале ин пешравию тараққиёти кишварро бархе аз нафарони хиёнаткору адоватпаравар нодида гирифта, ба хотири ноором сохатани вазъи кишвари мо талоши саҳм гирифтан доранд.

 Баргузории «ошӯби кампирҳо» дар миқёси кишварамон танҳо аз муҳоботҳои наҳзатиҳо асту дигар чизе нест. Гузашта аз ин ягона чизе, ки наҳзатиҳо моро мутаҳҳам месозад ин маҷбуркунии мақомотҳои давлатии кишвар ба ҳар амалҳое, ки содир мегардад. Ин бор низ ба садо баланд намудани Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов — саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба сайёҳон дар Данғара эълон кардааст. 500 нафарро барои он, ки милати оромии миллати моро хоҳонанд ҷамъ карданист. Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусаломов — саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба сайёҳон дар Данғара,  дар яке аз баромадҳояш оид ба амали террористии фарзандаш ба наҳзатиҳо лаънат хонда буд.

Номбурда амалҳои ғайриинсонии фарзандашро, ки нангин буд ва ба арзишҳои миллии моро пушти по зад маҳкум намуд. Имрӯз бошад «Гирдиҳамоии бузург» - и наҳзатиҳоро шунида, ин бечора модар ба таҳлука омад ва бо хоҳиши хеш имрӯз дар баробари ин нобакорон садо баланд карданист. Бо баргузории ин гирдиҳамои ин модари ғамзада ба наҳзатиҳо таъкид карданист, ки дигар ба миллати мо чашм надӯзанд ва аз мо ғараз нагиранд. Дигар модари тоҷик сабру таҳаммули гум кардани фарзандонро надорад. Асоси изҳороти ин модароне, ки фарзандонашон ба доми макру фиреби наҳзатиҳо дарафтоданд, дар он аст, ки ба «Гирдиҳамоии бузург» - и наҳзатиҳо зиддият нишон доднианд. Зеро озодии он зиндониёне, ки бо ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳбус гардидаанд, дубора кишвари соҳибистиқлоли моро ба милати ҷангзада табдил медиҳанд. Бе ин ҳам ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИ ҳамин аст, ки давлат пароканда шавад ва ин нобакаорон миёни мардум қонуниятҳои зиддидавлатии хешро ба ҳукм дароранд.

Ин ҳама мақсаду маромҳои ғаразонаи наҳзатиҳо танҳо хаёлпарастист ва бо итмимнони комил гуфта метавонам, ки ошӯби бемаъно ягон натиҷа нахоҳад дод. Зеро ман ба қувваи мардумони кишвар боварии комил дорам. Ин аст, ки ҳатто тавоноии модарони бузург, барои пойдории тинҷиву оромии кишвар замина хоҳанд гузошт.

Аҳсант мехонам барои он модароне, ки дар ин гирдиҳамоии зидди террористон саҳм мегиранду ширкат меварзанд. Ва миллати тоҷикро аз ҳар гуна оризаҳои нопоки ҷиноятпешагон эмин медоранд. Наслеро ба воя мерасонанд, ки ба манфиатҳои милливу давлатӣ арҷ гузошта, ба хотири ҳифзу ҳимояи як порчаи хоки Ватан ҷони хешро дареғ намедоранд. Зеро Тоҷикистон кишвари ободу озод, соҳибистиқлол, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.

Мaликa Қосимовa,

омӯзгори кaлони кaфедрaи иқтисодиёти соҳaвии ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд