Бахшида ба Рӯзи мутахассисони соҳаи саноати хӯрока дар факултети муҳандисӣ – технологии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи агротехнология ва махсулоти хӯрока озмун аз рӯи номинатсияҳои «Нӯшобаи бехтарин», « Хуриши беҳтарин» , «Таоми беҳтарин», «Дисерти беҳтарин» баргузор гардид. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати доварони озмун таҳти роҳбарии муовини директории оид ба таълим Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба илм ва иноватсия Усмонҷон Ахмедов, сардори шӯъбаи илм ва иноватсия Замира Ҷӯраева, сардори маркази бақайдгирии донишҷӯён Муҳаббат Юсупова, мудири кафедраи дизайн ва меъмории Ҳамро Раҳимова, директори генералии ҶДММ «Темуриён» Баҳромҷон Усмонов ба иштирокчиёни озмуни мазкур бо баҳодиҳӣ карданд, ки 12 нафар ғолибон муайян гардиданд.
Аз ҷумла аз рӯйи номинатсия «Нӯшобаи бехтарин», ҷойи аввалро Мадина Содиқова, ҷойи дуюмро Ҳусниддин Орифҷонов, ҷойи сеюмро Абдурофеъ Ҷалилов ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Хуриши беҳтарин» мақоми аввал насиби Фирдавс Ҳакимов, Наимҷон Иброҳимов ва Абдураҳим Юсупов, мақоми дуюм Раҳмоналӣ Илашов, зинаи сеюм Хайрулло Бобоҷонов гардид. Аз рӯйи номинатсияи «Таоми беҳтарин» Равнақ Ҷалилов, Ш. Обидов ва Шероз Пӯлотов мутаносибан ҷойхои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи «Дисерти беҳтарин» ҷойи аввалро Азиза Раҳматова, мақоми дуюмро Азиза Ҳасанова, ҷойи сеюмро Сарвиноз Юнусова соҳиб гардиданд. 
Ба ғолибони озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани дастуру супорпишҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати истеҳсоли босифати маҳсулоти озуқаворӣ ва соҳаи саноати хӯрока нақши босазо дорад. Ба он хотир, ки факултети муҳандисӣ – технологии мутахассиони соҳаи маҳсулоти хуроквориро омода месозанд, ки дар оянда барои амалӣ намудани ин ҳадафи стратегии кишварамон талоши бештар мекунанд, ки тадбирҳои созанда андешанд.