Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфренсияи илмӣ-назариявии олимони ҷавон таҳти унвони “Паёми раҳнамои ҷавонон” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида, саломи паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бар самъи ҳозирин расонид. Мавсуф  аз ҷумла дар баромадаш таъкид дошт, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнӽои ҷомеаи шаӽрвандии мо маӽсуб ёфта, нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаӽрвандӣ муайян менамояд. Эълони озмуни “Илм фурӯғи маърифат” аз ҷониби Сарвари давлат бозгӯи он аст, ки фардои ин миллат дар дасти ҷавонон, хосса мутахассисони донандаи фанҳои дақиқ ва техника аст. 

Мансурӣ Замира Мирзоализода, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  дар баромади худ қайд намуд, ки пеш аз ҳама хушбахтии мо, ҷавонон он аст, ки дар фазои сулҳу суботи  комил, тараннуми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар мебарем. Суханрониҳои  Пешвои миллат ҷавононро водор месозад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор гузоранд.

 

Раиси шӯрои олимони ҷавони донишкада Ҳусейнҷон Қаландаров зимни маърӯза таҳти унвони "Паёми Пешвои миллат - роҳнамои ҷавонони кишвар" таъкид дошт, ки Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба маҷлиси олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисодии миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Раиси бахши кор бо ҷавонони донишкада Ҷамшед Масаидов зимни баромад баён дошт, ки ба суръати умум пеш рафтани техникаву технология ва ҷойгоҳи хосаро дар рӯзгори мардум касб кардани воситаҳои муосири техникӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисоси соҳаро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон масъулинро вазифадор мекунанд, ки  ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Шоира Турсунова, раиси ҷамъиятии илмии донишкада дар мавзӯи “Саноатикунонии кишвар-заминаи рушди босуботи иқтисодӣ” маърӯза намуд. Қайд гардид, ки ҳар сол дар кишвар сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинон бо ҷойи кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар ва дастгириву ғамхории беназири Пешвои миллат мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки иқдоми саноатикунонии мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.

Дар идомаи кори конференсия Исматулло Норов, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар пешгирии коррупсия”,  Нигора Нӯмонова, ассистенти кафедраи иқтисодиёти рақамӣ дар мавзӯи “Роль цифровизации в развитии национальной экономики, Дабир Мирзоев, хатмкардаи докторантураи PhD дар мавзӯи “Истифодаи самараноки нерӯи барқ дар хонаҳои истиқоматӣ”, Мӯҳсинҷон Ҷӯраев , донишҷӯи курси 4, ихтисоси таъмини барқ дар мавзӯи “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ - ҳадафи стратегии кишвар” ва Хурсандмурод Савриддинов, донишҷӯи курси 4, ихтисоси таъмини барқ дар мавзӯи “Роҳҳои бартараф намудани талафоти электроэнергия” гузоришҳои илмӣ намуданд.

Усмонҷон Ахмедов  кори конференсияро ҷамъбаст намуда, зикр дошт, ки Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ҳуҷҷати раҳнамоист, ки моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.