Ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта  ҳизби экстремистии  ҲНИ ба фаъолиятҳои ҷангчӯёнаю ифротии худ иқдом намуда буд. Далелҳои тавассути расонаҳо имрӯз паҳнгашта бозгӯи онанд, ки  ин ҳизби мамнуъ аз  ҷумлаи созмонҳои террористию экстремистӣ буда, амалан аз интиҳои солҳои 80-уми  асри гузашта амалҳои ифротгароёнаашро дар ҷануби кишвар  оғоз намудааст. Маҳз хонаи худо-масҷидро макони амалҳои ифротӣ интихоб намудаанд. Тибқи бозгӯи шоҳидони ҳол ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ бо истифода аз калтаку корд ва дигар олоти пешомада ҳуҷум намудан аввалин шеваҳои зӯроварии  наҳзатиҳо будааст.  Маҳз аз масҷидҳо шурӯъ намудани нооромӣ ва даст задан ба зӯроварию  масҷидро аз макони муқаддасу ибодат  табдил додан ба мавзеи шарорату  муқовимат амали касифонаи ин тоифаи ҷиноятпеша буд.  То ин замон мардуми мо чунин зеҳнияте дошт, ки  масҷид макони бисёр муқаддас буда,  он ҷо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар ношоиста аст.

Ҳанӯз пас аз таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ, замоне, ки дигар ҷумҳуриҳо дар ҳоли тақсими мероси бозмондаи ин давлати пошхӯрда буланд, ҲНИдар такя бо дастури хоҷагони хориҷиаш барои бо роҳи зурӣ ба даст овардани ҳокимият бо набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро соли 1992 ғасб намуда, кишвари азизамонро ба майдони ҷанг ва қатлу куштор табдил дод. Дар як фурсати кутоҳ дар натиҷаи ин амали нангини онҳо, ҳокимият дар саросари Тоҷикистон фалаҷ гардид, миллат пароканда шуд ва вуҷуди ягонагии кишварамон ба ҳайси давлат зери суол монд. Мусаллаҳшавии наҳзатиён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Кушторҳои ваҳишёнае, ки соли 1992 дар водии Вахш  террористони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гурӯҳ имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳадс мезананд, аммо хиёнатҳо ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтака камтар нест. Наҳзатиҳо бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар ин минтақа нисбат ба ҳаммеҳани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ инсон ба ягон кас раво надидааст. Ин тоифаи фирории ифротӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз ватан аз ҳифзи ҳуқуқи инсон садо баланд мекунанд,  аз аъмоле, ки дар баробари ҳамватанони худ анҷом додаанд, нашармида худро ҳомии ҳуқуқи башар эълон мекунанд.

Имрӯз, ки онҳо дод аз донишмандиву нобиғагӣ мезананд ва ихтирооти илмию дастоварди олимонро ночиз мешуморанд, дар давоми мавҷудияти ташаккули террористии худ  як «кашфиёт» кардаанд, ва он ҳам кашфиёти «бочка-зиндон», ки андаруни ин зарфи сӯзишворӣ ҳамватанони худро бо бадтарин шева мекуштанд.

Фаъолияти ин ҳизб ҳамеша зиддимиллӣ ва зиддиинсонӣ буд. Силсилакушторҳои ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ афзоиш ёфта, ҳатто пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ идома ёфтаанд. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ин ҳизби экстремистию террористӣ, ки айни ДИИШ аст, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз  сарбони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи  Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи онҳо содир шудааст.

Имрӯз мо шукрона аз сулҳу суботи бебозгашти механ менамоем, аммо фирориёни ҲНИ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, худро афроди мутамаддин вонамуд мекунанду пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гӯё бо гузашти вақт аъмоли ғайриинсонии онҳо фаромӯш шуда бошад. Вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва зеҳни ин миллат даҳшатафканию қатли наҳзатиҳо абадан нақш бастааст. Ҳанӯз ҳам зиёдаравии мазҳабии онҳо маҳфуз буда, дар сурати имкон ёфтан бо шеваҳои дигар мисли истифодаи нақлиёт, истифодаи теғ ва мисли онҳо аъмоли касифонаи хешро анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи дурӯғпардозиҳо худро уламо нишон дода, тавассути он мағшӯӣ кардани ҷавонони ноогоҳ ва роҳнамуд кардани онҳо ба самти муғризонаи зиддиинсонӣ идомаи хиёнатҳои қаблии хешро дар баробари ҳаммеҳанони худ ба роҳ мондаанд. Ғайр  аз ин рафтори ноҷавонмандонаи наҳзатиҳо буд, ки  ҳазорон ҳамватанони мо, ки аз миллатҳои ғайр буданд, ё эътиқодии рӯҳонии дигарро доштанд, вале ҳамчун мутахассисони чашмикордон дар ободии кишварамон саҳми босазо доштанд, фирор намуданд. Кабирӣ баринҳо имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳи шиорфурӯшӣ мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд, ки гӯё инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон арзишманд аст. Вале ин нидоҳо танҳо баҳонаеанд, то худро аз ҳошияи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз масъулият дар назди Ватан озод шаванд, лекин шеваи адолат ин нест.

Зокиров Р.Ш.,  устоди ДПДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ