Мехостам андешае чанд перомуни мақсад, ният ва ҳадафҳои сарварон, ҷонибдорон  ва пайравони ҲНИТ сухане арза дошта бошам. Бешак ҳамаи мардуми мо бошандагони Тоҷикистони азиз мусулмонанду ва ба дини муқаддаси ислом эътиқод ва пайравӣ доранд. Аз ҳамин одати аҷдододии мардуми мо, ки табиатан софдил ва бекинаву рострафторанд хоҷагони ҲНИТ аз хориҷа, ки таърих, ботин ва тафаккури аҷдодии мардуми моро тавассути китобҳои худи мо аз бар кардаанд хуб омӯхта аз яроқи хело нишонрас, ки эътиқодмандии мардум ва дии мубораки ислом истифод бурда, ба зеҳн ва ақидаи мардум ва ҷавонони мо заҳри қотиле рӯйпӯшударо бо воситаи дини поки ислом ворид сохта, мардуми моро ба сахт ақидадорон ва сустақидадорон нисбат ба ислом ҷудо карда, тавассусти пайравонашон тарғиботи нангин, хуношом ва макарон худро ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн намуда тавонистанд, ки сафи худашонро аз ҳисоби мрдум ва ҷавонони зудбовар зиёд карда, ба ҳадафҳои сиёсӣ ва террористии худ сари кор гиранд. Натиҷаи ҳамин амалҳои нопокашон буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта мардуми моро ба ду майдон тақсим карда, дар натиҷа ба ҷанги хело нанговари бародаркушӣ оварда расониданд, ки ҳазорҳо модарон ҷигарсӯхта гашта, садхо бонувон бесаробон монда, ҳазорҳо кӯдакон яим монданд. Аслан, ки сарварони ҲНИТ  аз хориҷи кишвар бо воситаи хоҷагонашон дастгириҳои равонию молиявӣ доштанд. Онҳо бо паҳн кардани варақаҳо, китобҳо ва наворҳо тавонистанд, ки шахси ба садоқатманди ба давлату миллат қалам ёдкардаро аз роҳаш бароварда ба давлат Сурия фиристанд, ки оқибат  бисёриҳо дар он ҷо ба ҷаббор супорид. Ин ҷо ман  Гулмурод Ҳалимовро дар назарам дорам, ки ба ҳайси як мақомдори пурқудрати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон адои вазифа менамуд ва кӯр- кӯрона ба тарғиботҳои соддалавҳонааш хоҷагони хориҷии ҲНИТ гӯш дода дар натиҷа на ҳамчун шоҳид балки ҳамчун хиёнатпеша нисбат ба давлату миллити хеш дар ғурбат ҷонашро ба азоб мондааст.

 

 Сарварони ҲНИТ, ки аслан худашон аз лиҳози моддиву иҷтимоь танқисӣ надоштанд ва худашонро дар Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эълон доштааст, озод ҳис карда, боз ҳам ба нангинтар ҳадафҳои сиёсии худ даст зада ҳатто қариб буд, ки ба табадуллоти давлати поя гузаранд. Ман амали ногуфтании як мақомдори хело баландпояи Вазорати Мудофияи ҷумҳури ҳоҷи Назарро дар назар дорам. Ин шахсе, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муҳтарам кишварро дорои рутбаи генералӣ гашт, қариб буд, ки ҳамчун сабуктегини турк ба давлату миллат хиёнати нангинро ба бор оварад. Дар ин амали ноҷавонмардонаи ӯ боз ҳам хуни фарзанди модар тоҷик рехт, боз ҳомиёни ватану миллат ҷони ширини худро аз даст доданд, боз модарону занон бефарзанду бешавҳар монданд. Ҳамаи сарварони ҲНИТ, ки  дар хориҷа машқи тафаккурӣ гирифтанд, аслан ҳадафи онҳо ба сари қудрат омадан буда, бо ин васила мехоҳанд, ки мардум ва тамоми сокинони кишварро ба вартаи ҳаёти қолабӣ ва дур аз эҷоду ихтироот доранд, то аз ин миллати озодзодагон Синои дигар , Ҳофизи дигар, Берунии дигар, Ҷомии дигар ба дунё наояд. Ин гандумнамою ҷавфурӯшон мехоҳанд ва гуфти Хоҷа- Ҳофиз ҳамчун дигарон таълимоти бузурги ислом ва китоби муқаддаси он Қуръонро ба манфиати шахсӣ ва пиёда кардани ҳадафҳои нопоки сиёсии худ истифода баранд. Худованд ҳам аввалин ҳолати ботини инсон, ки он нияти пок аст ҷонибдор буда, бо нияти бад доштани имконият намедиҳад, ки амалҳои нанговари худро ба амал оранд. Чи хеле гузаштагони донишмандону мефармоянд:

Бандам покраворо, ки дар ин дайри куҳан,

Гар зияд пок зияд, гар биравад пок равад,

Ва ё

Партави хубон нагирад, ҳар ки бунёдаш ба даст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

 

Акбар Акбаров, номзади илмҳои суханшиносӣ

Эзоҳҳо  

# Рустам Вохидов 18.12.2017 17:12
Рости хайфам меояд, ки пас аз чунин имукониятхои давлат ва хукумат ба ин хизб дода, боз намак хурда ба намакдон туф гуянд
# Азамат Илдодов 18.12.2017 17:22
Муаллиф вокеан хам дуруст кайд кардааст, ки ба чомеаи мо чунин нафарони хоину ватанфуруш лозим нестанд. Мо чавонон амали онхоро махкум менамоем
# mt15642 18.12.2017 17:24
Ман дар гуфтаҳои Акбаров А рози ҳастам. Нафаре ба қадри ин тинҷиву оромӣ, сериву пурӣ мерасад агар он рӯзҳои вазнини миллати тоҷикро дида бошад. Ман бовари дорам, ки Гулмурод Ҳалимов барои бунёди давлати азизамон хиште нагузоштааст.
# Абдусаломова М 18.12.2017 17:36
Миллати азиятдидаи мо бо ҳидояти Пешвои миллат тамоми мушкилоти даврони баъди ҷангиро паси сар намуда, ба марҳилаи ободиву созандагӣ ворид гардидааст. Афсӯс имрӯз бархе аз нафарон намехоҳанд давлат ва миллати тоҷик пеш равад. Мо бояд пеши роҳи ин нафаронро гирем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯсти тарбия намоем
# Аминов Ф 18.12.2017 17:44
Мо аз таҷрибаю ташаббуси сулҳпарваронаи Сарвари кишвар нерӯи ақлонии худро баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз сарф менамоем ва намегузорем, ки ҷавонон ба доми фиреби хоҷагони хориҷӣ афтанд. А