Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо терроризм, экстремизм ва омилҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ санаи 18 феврали соли ҷорӣ бо донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика, санаи 27 марти соли ҷорӣ бо донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯриҳо нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани хизмати назорати маводи нашъаовар Ҷӯразода Толиб Олим иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷӯразода Толиб Олим сараввал дар баромади худ нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба самъи  ҳозирин расонид. Инчунин қайд намуд, ки таъмини ҳифзи амният ва сулҳу суботи кишварамон ва кишварҳои минтақа вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар радифи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ боқӣ мемонад.

Дар идомаи сӯҳбат қайд карда шуд, ки истеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои зараровари он чӣ ба саломатии инсон ва чӣ ба руҳияи равонӣ чигуна таъсири манфӣ мерасонад ва беҳтар аст, ки ҷавонон тарзи ҳаёти солимро интихоб  намуда, бо варзиш ва дониш омӯхтан машғул шуда, ҳатто як маротиба ҳам ба истеъмоли маводи мухаддир даст назананд.

Аз ин лиҳоз аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо боварӣ ба ояндаи дурахшон ва бо иродаи қавӣ бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ мубориза барем, то ки бемории нашъамандӣ паси дари мову шумо наояд ва зиндагии солимро барбод надиҳад.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ аз ҷониби донишҷӯён саволҳо дода шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.