Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст, то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Мо насли имрӯз, фарзандони даврони соҳибистиқлоли кишвар  вазифадорем, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Ва барои ояндагон худро чун меросбарони тоҷвар нишон дода, ояндагонро низ аз ин истиқлолияти босаодат бебаҳра нагузорем. Онҳоро ҳушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ намоянд. Ба суханони инсонфиребонаи душманони миллат ба мисли Кабирӣ бовар накунанд. Ин таъкид на танҳо барои ояндагон балки имрӯзиён низ худро аз ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Зеро аз “худситоии” ин гуна бадтинатон ягон асаре аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан нест. Чунки чашмони чунин нотавонбинон дар пешрафту тараққиёти миллати мост. Ин  озодиву ободиро ҳеҷ чашми дидан надоранд. Аз ин лиҳоз мехоҳанд, ки теша ба решаи ин миллати куҳанбунёд зананд.

Дар асл ба ҳамин Кабириву кабириён менигараму барояшон ҳар нафаси гирифтаашонро ҳайф медонам, зеро ба он нафароне, ки зиён коранд умуман дар ин дунё барояшон ҳаққи зиндагӣ нест, ҳол он ки оно то имрӯз марзи хоки поки мукаддаси моро меҳан мехонанд. Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Маълум аст, ки хубӣ бароятон хуушоянд несту пардаи чашми шуморо хуни дар замин яксон шудаи одамони  бегуноҳ пӯшонидааст. Медонам ин одат аст, барои шумо акнун, ки ҳар дақиқа ба қатлу куштор даст занед. Ва маҳз барои ҳамин ҳам ин сарзаимн ҷои ифротиён нест. Ин ҷо сулҳу салоҳ букмфармоӣ дорад ва ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳмтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.

Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷамъиятшиносӣ