Мардуми тоҷик, ки худ фарҳангӣ бою ғанӣ ва маданияти воло дорад, дар мубориза бо ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштааст. Аз ин ҷост, ки тибқи дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои хирадмандонаи ин марди фидокор фаъолият намуда, тамоми сохторҳо ба нишондиҳандаи назаррас муваффақу комгоранд. Албатта бояд зикр дошт, ки ҳамеша нияти неку кирдори нек касро комёб месозанд. Зеро нафаре ватандӯсту масъулиятнок ҳамеша барои хизмати ҳақ дар роҳи ободии Ватани маҳбуб арзандаи таҳсину офаринҳои мардумон аст. Ва ин таҳсинҳо дар зиндагӣ барои нафари ватандӯст, боиси пайваста дар зиндагӣ нусрат ёфтанаш хоҳад буд.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати азияткашидаи тоҷик рӯзҳои басо сангину даҳшатнокеро паси сар кард. Аз ёд намеравад, ки то чи андоза мардумони бечораву бенаво монда, дил хун карданду дар қатори онҳо дигарон низ хун гирифтанд. Мардум батамом уммеди хешро аз зиндагии ба хунолуда канда буданд. Дигар дар дил тобу тоқати бардоштти фарзандгумкуниву бесарпаноҳмониро надоштанд. Хушбахтона пас аз он хун гиристану нолаҳои зори модарони муштипар ба Яздони пок рӯзҳои оромиву сулҳу суботро эҳдо намуд, пас ба хулосае омада будам, ки беҳуда гузаштагони соҳибтаҷрибаамон нагуфта будаанд, ки:

Аз ноумедиҳо басо уммед аст,

Поёни шаби сиёҳ, сафед аст.

Ин ҳадяи Худо ба рағми онҳое буд, ки миллат ва мардуми бегуноҳро оғӯштаи чунин ҷанги хонумонсӯз карда буданд. Хоинони миллат он замон аз вазъи муташаниҷии кишварамон лаҳзае худро тамошобину аз рафти он завқ мебурданд. Ин кӯрдилону носипосон намаки миллатро хӯрда ба намакдон пуф карда буданд, ки ҳатто дар ин бобат ривояте ҳаст, ки: “...дузду авбоши машҳуре ба хонаи сарватманде ба дузди медарояд ва дасташ ба намаки дар намакдон истода мерасаду ногоҳ дастонашро ба даҳон мекашад ва намакро мехӯрад. Ҳамин тавр новобаста аз ҳолати мусоиди ғорат чизеро намерабояд. Аз ӯ мепурсанд, ки чаро молу амволеро надуздидӣ: дузд дар ҷавоб гуфт, ки ман намаки ин хонадаонро хӯрдам ва ба намакдони онҳо нияти пуф карданро надорам....” Ҳоло худ қазоват кунед, ки ба ном дузди машҳур ин корро ба худ раво наддида буд, аммо онҳое, ки сиёсатмадорону парлумони кишвар худро муаррифӣ менамуданд ва дар назди халқ хизмат кардани буданд, чи шӯре миёни мардумони худи тоҷик барангехтанд. Чӣ қадар рӯзи даҳшатноку фаромӯшношуданӣ, ки бародар бар муқобили бародари худ тир кушояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо низ шохаҳои ҳамон нохалафон дар тамоми олам реша давонда истодаанд, ки аллакай чанд халқиятҳо мубталои ҷангӣ бемаънӣ гардидаанд. Албатта миллати тоҷик аз ин вазъи глобалӣ худро дар канор наирифта, барои барҳаам додани чуннин қувваҳо шаддидан муборизаи беамонро ба роҳ монда аст. Зеро мардуми олам танҳо ҳамон вақт дар амният буда, метавонад, ки миллат ба Истиқлолиятӣ воқеъи расида бошад.

Мо мардуми сарбаланд ва соҳибирода ҳастем ва намегузорем, ки ин миллати куҳанбунёд ва мардумони ориёинажодашро касе дуюмбора бар чоҳи ғаму кулфат андозад.

Назаров Абдусамад,

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд