Ислом динест, ки ба ягон ҳизбу ҳаракатҳо мӯҳтоҷ намебошад. Ислом моро ба покизагӣ, накӯкорӣ, хулқу атвори нек, хоксорӣ ва сариштакорӣ ҳидоят менамояд.

Мутаассифона, баъзе ашхосоне ҳастанд, ки барои мансаб ва ҳокимият номи исломро доғдор мегардонанд. Пас мақсади ташкили ҳизби наҳзати ислом ба чӣ хотир буд? Мақсад магар ба даст овардани ҳокимият ё пош додани он бошад. На чизи дигар! Оё ислом ба ин чизҳо зарурат дошт?  

Ҳаргиз не!

         Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ба ҳизби наҳзати ислом зарурат нест. Зеро дар фаъолияти худ ин ҳизб дар Тоҷикистон ягон корҳои савоб, ягон амалҳои неке, ки ба манфиати давлатамон ва мардум аст, ба сомон расонида натавонист.Аъзоёни ин ҳизб ба гурӯҳҳои ифродгаро ҳамроҳ шуда ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта хунхорӣ мекарданд, одамҳои бегуноҳро мекуштанд, садҳо кудаконро ятим ва ҳазорҳо шахсони бегуноҳро бе хонаву дар карданд. Охир дар Қуръон ҳам гуфта шудааст: “Аз ҳаёт маҳрум кардани инсон ин гуноҳи аз ҳама бузургтарин аст ”. Хунхоргарӣ кори ислом нест!

Ба ҳар касе, ки бадӣ хостӣ, ба ту бадӣ меорад, гуфтаанд. Ҳизби наҳзати ислом аз аввал мақсади нопок дошт ва мехост мақсадҳои нопоки худро дар ҷумҳуриамон амалӣ намояд. Аъзои ин ҳизб ба қадри истиқлолияти ватанамон, ба қадри ваҳдати миллӣ, ба қадри ҳамаи ин шароит ва дороиҳое, ки дар худ доштанд, ки аз тарафи давлат ба онҳо муҳайё карда шуда буд, нарасиданд. Чашмони онҳоро пардае пушида буд, пардаи кибру ғурур ва мағрурӣ, пардаи сиёҳе, ки онҳо ҳамаи ин шароитҳоро дида натавонистанд ва аз пайи ба даст овардани мансаб буданд. Хиёнате, ки аз тарафи сардори ҳизби наҳзати ислом Назарзода ба давлат карда шуд, мақсади нопок доштани ин ҳизбро бараъло инъикос менамояд. Мақсади онҳо на барои фаъолият намудан ба манфиати халқ балки дигр мақсадҳои нопок ба монанди ба даст овардани ҳокимият, исломи кардани давлат ва ғайра буд.

Хиёнат ба модар – Ватан ин гуноҳи аз ҳама бузург ва нобахшиданӣ аст. Ба амнияти давлати азизамон муяссар гардид, ки саривақт аз пайи ин ҳизб шуда пеши роҳи онҳоро гиранд.Хушбахтона, мақсадҳои ғаразноки онҳо амалӣ нагашт ва онҳо аз ҷониби аскарони шуҷоъю далери ватан несту нобуд карда шуданд.

Дар Тоҷикистон ин ҳизбро ҳамчун даст доштан ба гурӯҳҳои терроризму экстремисти гуноҳкор намуда, тамоми фаъолияти ин ҳизбро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қатъ намуданд. Хайрият, ки айни ҳол тамоми фаъолияти ин ҳизб барҳам хӯрд. Акнун даҳҳо одамон ва ҷавононе, ки аъзоёни ин ҳизб буданд, роҳи рости ҳаёти худро хоҳанд ёфт.

         Тоҷикистон, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ба ҳамаи мо тоҷикон зарур аст, ки шукронаи неъматҳои истиқлолият кунем ва шукрона кунем, ки дар чунин давлати тинҷу осуда зиндагӣ мекунем. Ба қадри ҳамаи ғамхориҳои падару модар ва сарвари давлат бирасем.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, якҷоя дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонатарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишварамон роҳ надиҳем ва ҳамеша

муттаҳид бошем.    

Раупов Комилджон Самиевич,  устоди ДПДТТ ,

Обидов Санҷар, донишҷӯи курси 3_