Конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ, ки субҳи имрӯз бо ширкати устодони мактабҳои олии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид ба мавзуи «Низоми босамари омодакунии кадрҳои муҳндисӣ-техникӣ- асоси рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон » бахшида шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раёсати донишкада табрик гуфт.

Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисод, профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идора дар мавзуи «Муаммои муосири омадакунии кадрҳои муҳандисӣ- техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, қайд кард, ки агар ҳамвора байни илм ва маориф алоқамандӣ набошад, иқтисодиёт пеш нахоҳад рафт. Номбурда муаммоҳои пешрафти омодакунии кадрҳои муҳандисӣ- техникиро дар набудани робитаи наздики корфармоён бо мутахассисон, набудани дастури муосири таълимӣ дар ҳама бахшҳо ва талабот дар самти такмили заминаҳои моддию техникӣ арзёбӣ намуд. Ба андешаи ин коршинос бо сураъати тез тараққӣ ёфтани техникаву технология дониши техникии мутахассисонро ба қафо партофта истодааст. Донишҷӯ замони таҳсил аз рӯи як технология дарс меомӯзад ва чун донишгоҳро хатм кард, аллакай он дониши гирифтааш кӯҳна мешавад. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқтидори харидани нав ба нави таҷҳизотро надоранд, зеро арзиши он хеле гарон аст.

Дар баромади Турсун Холматов ҳам омилҳои паст будани завқи пасти мутахассисон ба соҳаҳои техникӣ бо мисолҳои возеҳ гуфта шуд. Қайд гардид, ки ҷавонони имрӯза мехоҳанд бо меҳнати андак даромади бештар ба даст оранд. Ҳоло талабот ба касбҳои ҳуқуқшиносӣ, духтурӣ ва омӯзгорӣ зиёд аст. Аммо аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки сол то сол сафи довталабони ба илмҳои техникӣ дохилмешуда коҳиш меёбад. Ин аз як тараф набудани ҷойи мувофиқи корӣ, аз ҷониби дигар таназзул ёфтани сатҳи саноат мебошад. Солҳои пеш коргоҳҳои азими саноатӣ фаъолияти муназзам доштан ва талабот ба кадрҳо буд. Ҳоло бошад, давлат ва Ҳукумати кишвар мехоҳад бо кушодани корхонаҳои хурду миёна иқтидори соҳаро боло бардоранд. Махсусан саноати сабуки кишвар эҳтиёҷ ба мутахассисон дорад ва Донишкадаи политехникӣ тайёр аст, ки мутахассисони хубу замонавиро омода кунад

. Дар баромади Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбия қайд шуд, ки тарбия яке аз рукнҳои омадакунии кадрҳои баландихтисос буда, бо ин мақсад дар донишкада пайваста чорабиниҳои гуногун доир карда мешавад. Донишҷӯ дар баробари такмили дониши ихтисосии худ, ҳамзамон аз таърих, тамаддун ва фарҳанги кишвар огоҳ мешавад. Роҳбарияти донишкада ҳар ҳафта бо роҳандозии дарси тарбиявӣ дониши сиёсии донишҷӯёнро тақвият мебахшанд. Дар ин замина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбия» ва «Танзими расму оинҳо дар ҷомеа» маҳаки асосии дастурии устодон маҳсуб мешавад.

Мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология Дилрабо Комилова дар маърузаи худ доири омодакунии мутахассисони мухандис- технологҳо ҳарф зада, баён дошт, ки  имрӯз талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳаи коркарди маҳсулоти хӯрока афзудааст. Зеро давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ бисёр барномаҳоро рӯи даст гирифтааст. Ҳоло аксари маҳсулоти ширӣ, хамирӣ ва гӯштӣ дар худи кишварамон мавриди коркард қарор гирифтаанд ва ин боис шуда, ки мо барои омодакунии мутахассисон ҷаҳди ҷиддӣ варзем. Кафедра бо дастгирии Раёсати донишкада, шахсан бо кӯмаки директор Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  бо лабораторияҳои муҷаҳҳаз таъмин буда, гузашта аз ин  донишкада соли равон барандаи  ду лоиҳа- GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллал) «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи миёна», HECAFS- таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стантартҳо дар Осиёи миёна гардид, ки мутобиқи он устодон ва донишҷӯён дар бонуфузтарин муассисаҳои олии Осиёи Миёна ва кишварҳои наздибалтик донишу малакаашонро такмил медиҳанд.

Дар қисмати дуюми кори конфронс устодон дар бахшҳои алоҳида мақолаҳои илмии худро муаррифӣ намуданд.

Бо ҳамин кори конференсия анҷом пазируфт.