Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 қайд намуданд, …“Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Бо  мақсади дар амал татбиқ намудани ин нуктаи муҳими Паёми Сарвари давлат  дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои нави озмоишгоҳии Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд. Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳои ҳамкорӣ омӯзгорону кормандони донишкада бевосита корро бо ин таҷҳизот азхуд кардаанд ва инчунин дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Хитой, Қазоқистон, Қирғистон 54 нафар такмили ихтисос гузаштанд. Ибтикори донишкада оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои пурра ва мустаҳкам кардани пояи озмоишгоҳӣ боиси ибрату омӯзиш аст.


Муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштанд, ки чунин озмоишгоҳ дар Тоҷикистон назир надорад ва омӯзгорону кормандони донишкада дар заминаи технологияҳои муосир бо тайёр кардани кадрҳои рақобатпазир дар бозори меҳнат ҳиссаи худро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул боз бештар намоянд.

Таъкид шуд, ки таҳсилоти муҳандисӣ аз донишҷӯ талаб мекунад, ки на танҳо ҳаҷми муайяни донишро азхуд кунад, балки малакаи корфармоии ин донишро дар амал соҳиб шавад. Дигар хусусияти фарқкунанда ин тез – тез навшавии мазмуну мундариҷаи фанҳои тахассусӣ вобаста ба рушди соҳа мебошад. 

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз 20 ихтисосҳои зинаи бакалавриат 17 ихтисос ихтисосҳои муҳандисиву технологӣ мебошанд. 

Боиси хурсандист, ки омӯзгорону кормандон ва раёсати донишкадаи политехникӣ ҳаракат мекунад, ки хатмкардаҳояш дар бозори меҳнати ҳам дохилӣ ва ҳам минтақавиву байналхалқӣ рақобатпазир бошанд. Ин танҳо ҳамон вақт имконпазир аст, ки салоҳиятҳои хатмкунанда бо салоҳиятҳои ҷои кори ояндааш ҳамоҳанг бошад ва пояи озмоишгоҳии барномаи таҳсилот ба ин мусоидат намояд.