Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди ҷашни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун  санаи 15 ноябри соли равон дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт” доир гардид.

Дар кори  конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, устодони муассисаҳои олии вилоят,  мутахассисону коршиносони  соҳа ва устодону донишҷӯёни  донишкада ширкат варзиданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Турсун Холматов паёми шодбошии  директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр шуд, ки конференсияи илмӣ – амалии имрӯза дар рӯзҳое доир мешавад, ки сокинони ваҳдатшиори кишварамон дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ  ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодиёт – яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои таъмини он кӯшиш доранд. Мақсад аз ин, ҳимояи базаи захиравӣ ва муҳити атроф бо назардошти манфиати насли оянда мебошад. Таъмини рушди иқтисодӣ чунин ҳолати иқтисодиёт аст, ки дар он устувории параметрҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигоҳ дошта мешавад.”

Баъдан ҳозиринро бо барнома ва раванди кори конференсия шинос намуданд. Дар конференсияи мазкур 7 баромад оид ба мавзуъҳои гуногуни таъминоти рушди иқтисодӣ  дар назар дошта шуда буд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ оид ба се ҳадафи асосии стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан ронда, афзуд, ки  маросими ба истифода додани аввалин агрегати НОБ-и Роғун қадами қатъиест барои расидан ба ҳадафи сеюми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда дар идомаи баромад зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст. Вилояти Суғд 26,9%-и маҳсулоти умумии кишварро таъмин мекунад.  Дар давоми 9 моҳи охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 107% баланд гардида, 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, нишондиҳандаи ҳиссаи саноат 32,1%, кишоварзӣ 29,5%, савдо ва хизматрасонӣ 20,6%, сохтмон 5% мебошад. Сектори реалии иқтисодиёт бошад ба 86,9% баробар гардидааст. Сатҳи таваррум дар бозори истеҳсолӣ бошад 3,8%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ ба 50% кам гардидааст, ки нишонаи некӯаҳволӣ ва бо кор таъминшавии сокинон мебошад.

Баъдан маърӯзаи  доктори илмҳои иқтисодӣ, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техника, профессор Назаров А.А. доир ба мавзӯи “Информационно-инновационное обеспечение как фактор устойчивого развития экономики” шунида шуд.

Доктори илмҳои иқтисод , профессор Авезов А.Ҳ. доир ба мавзӯи “Теоретико-методические аспекты устойчивого развития региональной экономики” баромад намуд.

Таҳти унвони “Роғун-асоси рушди устувори иқтисодиёт” маърӯзаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимов О.С. ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Баъди он навор аз рафти корҳои сохтмонии НОБ-и Роғун намоиш дода шуд.

Мудири кафедраи “Назарияи иқтисодиёт ва идора”, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодурова С.А. бо маърӯзаи худ “Макроэкономические условия устойчивого развития региональной экономики” баромад намуд.

Сухан ба меҳмони олиқадр, дотсент Абдуллоев М. дода шуд, ки фикру ақидаи хешро оид ба кори конференсия баён намуд.

Бо ҳамин қисмати ифтитоҳии конференсия хотима ёфт.