Дар партави суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли сеюм аст, ки бо иқдоми раёсати донишкада дар мавзӯи «Идораи сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- амалӣ доир мегардад. Бо мақсади баландбардории сатҳу сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ бо истифода аз технологияи муосири таълим конференсия кори худро оғоз кард.

Сараввал муовини директор оид таълим Мақсудов Х.Т. ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, конференсияро кушода гуфта эълон намуд.

Сухани табрикотии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз аз ҷониби муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У.Х. ба ҳозирин пешкаш гардид. Аз ҷумла, дар суханронии мазкур зикр гардид: “Воқеан ҳам пешрафти мамлакат ба омодакунии кадрҳои соҳибтахассус вобастагии амиқ дорад. Агар мо, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем, гумон мекунам сифати омодасозии мутахассисони оянда ба маротиб беҳтар мешавад“.  

Маърӯзаи муовини директор оид таълим Мақсудов Х.Т. оид ба “Моделҳо ва алгоритмҳои ҳамоҳангсозии салоҳиятҳои хатмкунанда бо бозори меҳнат” ба саҳми ҳозирин расонида шуда, салоҳиятҳои хатмкунанда, талаботҳои бозори меҳнат, сифати мундариҷаи таълим пурра баррасӣ карда шуд. Зимни маъруза суханони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид:  “Сифати омодасозии мутахассисони оянда аз бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариш додани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиони вобастагӣ дорад”. Баромади номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Ӯрунов А.А дар мавзӯи “Качество образования и индекс Хирша” пешниҳод гардид. Зимни баромади устод мафҳумҳои “индекси Хирш”, шартҳои асосии таҳсилоти босифат шарҳ дода шуд. Солиев З.Т дар мавзӯи “Роль гуманитарных наук в формировании технических специалистов” маърӯзаи худро пешкаши ҳамагон гардониданд.

Оид ба “Истифодаи таҷрибаи барномаи GIZ «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ» дар таҳияи барномаҳои таҳсилотии гурӯҳи ихтисосҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ” Тошхӯҷаев Н.А. – сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баромад намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  аз соли 2017 ба барномаи - GIZ “Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллал”-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон  аз рӯи лоиҳаи –«Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ»-и ҳамроҳ шудааст.

Бо ҳамин қисмати аввали конференсия хотима ёфта,  бахши дуюми он кори худро бо гуруҳҳои устодону меҳмонон идома дод.