Тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии он барои соли 2018”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  санаи 5 марти соли 2018 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ” баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро то санаи 1 март тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё ба нишонии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И.Сомонӣ (собиқ Ленин) хонаи 226, бинои маъмурии ДПДТТХ, ошёнаи 3, утоқи 303 (маркази таҳсилоти фосилавӣ) ирсол намоянд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин дида баромада мешаванд: ташкили раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ, хусусиятҳои низоми таҳсилоти фосилавӣ, омилҳои асосии ташкили дурусти таҳсили фосилавӣ, барномаи идоракунии таҳсилоти фосилавӣ, технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи он дар замони муосир, ташкили курсҳои электронӣ дар фазои таълим, истифодаи маводҳои мултимедиа дар раванди таълим ва ғ.

Меъёрҳои таҳияи мақолаҳо: Мақолаҳо ҳаҷман аз 3 то 6 саҳифа қабул карда мешаванд. Дар таҳияи мақола  чунин параметрҳо истифода мешаванд: формати матн MS Word 2003- 2007, нусхаи мақола бо формати PDF, андозаи саҳифа: А4 (210х297 мм), ҳамаи ҳошияҳо – 2.5 см, ҳуруф: навъ - “Palatino Linotype“, андоза - 12 пункт, “полужирный”,  интервали байни сатрҳо - одинарный;

  • Номи мақола бо ҳарфҳои калон , поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 см ному насаби муаллиф, сипас ном ва нишонии пурраи муассиса ё ташкилоту корхонае, ки онро дар семинар муаллиф муаррифӣ мекунад, марказонида оварда мешавад. Пас аз фосила матни мақола бо фосилаи воҳидӣ (одинарӣ) оварда мешавад.
  • Суроғаи почтаи электронии муаллиф(он) марказонидашуда бо шрифти “Palatino Linotype“, андоза - 12 пункт, “курсив”, интервали байни сатрҳо – одинарный;
  • Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ

  Телефонҳо барои тамос: +992 92 774 04 05,  +992 92 778 19 79.