Ҳамкасбони гиромӣ!

ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт” баргузор менамояд.

 Мақсади конференсия

Мубодилаи маълумоти илмӣ-иқтисодӣ, шиносоӣ бо потенсиали минтақаи Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкории миллӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бисёрҷониба бо соҳибкорони мамлакат дар соҳаи мазкур.

 Забони корӣ

Тоҷикӣ, русӣ

 Маводҳои конференсия

Нашри маводҳои конференсия бо забони аслӣ дар маҷмӯаи маводҳои конференсия ба нақша гирифта шудааст. Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмӣ даъват менамоем. Умед дорем, ки Шумо оид ба масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт  аз нуқтаи назари тараққиёти потенсиали иқтисодии он имконияти бо маърӯза баромад намуданро доред.

Аз рӯйи натиҷаҳои конференсия маҷмӯаи корҳои илмии ҳамаи иштирокчиён бо индекси УДК ва ББК нашр мегардад.

Барои қабули қарор оиди дохил намудани Шумо ба рӯйихати иштирокчиёни конференсия ва маърӯзаатон ба барномаи конференсия, инчунин сари вақт нашр намудани маводҳо аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар сайт худро аз қайд гузаронида, маърӯзаи худро ба почтаи электронии зерин то санаи 1 ноябри соли 2018 ирсол намоед: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.. Инчунин зарур аст, ки шарҳи мухтасари мақоларо (дар ҳаҷми то 300 ишораҳои чопӣ бо пробел) ирсол намоед.

 

САМТҲОИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ:

  1. Муаммо ва дурнамоии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ
  2. Омилҳои таъминоти рушди устувори иқтисодиёти минтақа
  3. Ҳамкории байналхалқӣ ва фаъолияти берунииқтисодӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёт
  4. Омилҳои инноватсионӣ-инвеститсионии рушди устувори иқтисодиёт
  5. Нақши институтҳои қарзию молиявӣ ва ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар таъминоти рушди устувори иқтисодиёт
  6. Усулҳои математикӣ ва инструменталии тадқиқи рушди устувори иқтисодиёт
  7. Модернизатсия ва ҷорӣ намудани СИИ раванди таълим дар МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳуҷҷатҳои асосӣ

 Барои иштирок дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба суроғаи кумитаи тадорукот ирсол намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

  • дархост барои иштирок дар конференсия (шакли дархост замима мегардад);
  • матни мақола (талабот ба ороиши матни мақола дар замимаи 1 оварда шудааст);

 

Ба санаи ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо диққат диҳед. Санаи ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба кумитаи тадорукот – 1 ноябри соли 2018.

 

Вариантҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба кумитаи тадорукоти конференсия:

  • тариқи веб-сайти конференсия дар Интернет: http://www.kbtut.tj тариқи онлайн аз қайд гузаштани иштирокчӣ ва ирсол намудани дархост ва маърӯза.
  • тариқи почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • бо Flash-картаҳо, CD – дискҳо, ки тариқи почта равона карда мешавад;
  • бо Flash-картаҳо, CD – дискҳо, ки бевосита ба кумитаи тадорукоти конференсия пешниҳод карда мешаванд.

 

Тамос:

735700, ш.Хуҷанд, м-ноҳияи 30, минтақаи саноатии шимолу шарқӣ, ДПДТТ (Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон), утоқи 205 (кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора), кумитаи тадорукоти конференсияи “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт”.

Шахсони матасаддӣ оид ба ҷамъ намудан ва қайди мактубҳои ҷавобӣ (тезиси маърӯзаҳо) – Ҷӯраева З.А. ва Қосимова М.А., e-mail:  Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., тел: (92) 7703764, (92) 7965267 ё (92) 7625550

 

Боварӣ дорем иштироки Шумо дар кори конференсия судманд ва муфид мегардад.

 

Замимаи 1. Тартиби ороиши мақолаҳо

  1. Ҳаҷми тавсияшавандаи маводҳо
  • на зиёда аз 6 саҳифа (10 ҳазор нишона).

 

  1. Маводҳо дар намуди зерин пешниҳод карда мешавад:

- дар редактори Microsoft Office Word;

- формати саҳифа - А4;

- шрифт “Times New Roman”;

- матни асосӣ – кегль 14;

- фосилаи байнисатрӣ - 1,5;

- ҳошияҳои боло ва поён – 2 см; ҳошияи чап – 2 см;

- ҳошияи рост – 1,5 см фосила (сарсатр) – 1.25 см.

Дар мақола нишон додани муҳимияти мавзӯи баррасишаванда ва саҳми муаллифи мақола дар таҳияи муаммоҳои таҳқиқшаванда ва хулосаву пешниҳодҳо қайд карда шавад. Дар аввали мақола ҳатман аннотация (то 3-4 ҷумла) ва калидвожаҳо (6-8 калима) бояд ҷой дода шаванд.

 

  1. Тартиби ҷойгиршавии (сохтори) матн:
  • Ном, насаб ва номи падар (шрифти ғафси нимсиёҳ, дар марказ);
  • Маълумот оид ба муаллиф (вазифа ва унвони илмӣ, дараҷаи илмӣ, ҷойи кор/таҳсил);
  • Суроғаи почтаи электронӣ (бо хоҳиши муаллиф);
  • Номи мақола ( бо ҳуруфи калон, шрифти ғафси нимсиёҳ, дар марказ);
  • Матни асосии мақола.

 

  1. Тартиби эзоҳ (сноска):
  • Эзоҳ (ба адабиёт) дар дохили мақола дар қавсҳои квадратӣ баъд аз иқтибос овардан (дар аввал рақами сарчашма, сипас баъд аз вергул рақами саҳифа оварда мешавад, ниг. ба мисоли ишораи эзоҳ).

 

Мисолҳои ороиши эзоҳ:

  • эзоҳ ба як сарчашмаи адабиёт бо нишон додани саҳифа: [3,121].
  • эзоҳ ба сарчашмаҳои адабиёти гуногун ишораи саҳифа: [6,56; 12, 58].