Давоми санаҳои 19-23 ноябри соли равон, дар муддати  5 рӯзи корӣ, дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзӯи “Технологияи пухтани маҳсулотҳои нонӣ” баргузор мегардад.

Санаи 19 ноябр, дар нахустин рӯзи кории семинар меҳмонони олиқадр, намояндагони ширкатҳои гуногуни истеҳсолкунандаи орд ва маҳсулотҳои нонӣ ширкат варзиданд. Намояндагони ширкатҳо меҳмони донишкада гашта, дар лабораторияе, ки маҳз барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ пешбинӣ шудааст, таҷрибаҳо гузарониданд. Барномаҳои GIZ ва HECAFS, ки асосан бо факултети муҳандисӣ-технологӣ, кафедраи “Агротехнология ва маҳсулоти хӯрока” ҳамкорӣ ва робитаи қавӣ дорад, боз як иқдоми хуберо баҳри баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён пеш гирифт. Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои мазкур ва робитаҳои дуҷониба  давоми 1 моҳи охир таҷҳизот ба лабораторияи таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултет ба маблағи 103 989 евро харидорӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки якчанд таҷҳизотҳои лабораторияҳои таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултети муҳандисӣ-технологӣ, аз қабили лабораторияи сенсорӣ, маҳз бо дастгирӣ ва маблағгузории  лоиҳаи GIZ харидорӣ ва насб шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи таҳсил доранд, дарс мегӯянд.

Меҳмонон ва ширкаткунандагони семинарро кормандони Шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада Мақсудов Ш., Набиев Д., Ҳакимов Д. дар сатҳи баланди меҳмоннавозии тоҷикон пешвоз гирифта, кори семинарро оғоз намуданд. Баъди шиносоӣ бо ҳайати иштирокчиёни семинар таҷҳизотҳое, ки бо дастгирии барномаи GIZ лабораторияи маҳсулотҳои нонии донишкада ҷиҳозонида шудааст, намоиш дода шуд.

Намояндаи лоиҳаи GIZ Франс Холраҳер доир ба таҷҳизотҳои муосири нонбарорӣ тариқи намоиши слайд баромад намуда, ҳозиринро ба 4 гурӯҳ барои кор бо 4 таҷҳизоти нав ҷудо намуд.

Баъдан иштирокчиёни семинар ба лабораторияи нави истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ сафарбар шуда, аз рӯи дастурамал таҷҳизотҳо, аз ҷумла тафдон барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ, таҷҳизот барои нигоҳдории он, тарозуи сенсорӣ, осиёи лабораторӣ ва ченкунии намӣ, таҷҳизоти ченкунии миқдори афтишро насб карда, бо маҳсулотҳо таҳлил гузарониданд.

Дар пешравии равобити донишкада бо лоиҳаҳои гуногуни хориҷӣ саҳми Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ бисёр назаррас аст, зеро ҳамкориҳои дуҷонибаи хориҷӣ вусъат ёфта, самараҳои он хеле хуб арзёбӣ гардида истодааст.