Дар доираи Барномаи HECAFS, ки Донишкада политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба он шомиланд, гурӯҳи устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хуршед Мақсудов, Искандар Асаттулоев,  Дилрабо Комилова, Фарҳод Бобокалонов ва Ҷамила Раҳмонова бо мақсади ошноӣ аз вазъи таълиму тарбия, раванди истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ва умуман пешрафти кишвари Латвия тайи 5 рӯз меҳмони ин кишвари зебо гардиданд. Дар ин сафар чанде аз устодони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон низ намояндаҳои моро ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни сафари худ гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз лабораторияҳо, марказҳои омӯзишии марбут ба хоҷагии қишлоқ ва ветеренария шиносоӣ пайдо карданд. Инчунин дар коргоҳҳое буданд, ки бевосита ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрока машғул ҳастанд.

  Дар рӯзи аввали сафар иштирокдорон аз вазъи фаъолияти Донишгоҳи аграрии Латвия дидан карданд. Ба онҳо ректори донишгоҳ Ирина Пилвере ва менеҷери лоиҳа Ирина Кулитане бобати самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ маълумот доданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки донишгоҳ таърихи куҳан дошта, дар омодасозии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрока дар Ҷумҳурии Латвия нақши калидӣ дорад. Айни замон дар донишгоҳ 4283 донишҷӯ аз рӯи 62 барнома таълим мегиранд. Шумораи умумии кормандони донишгоҳ 931 нафар буда, аксаран унвонҳои илмӣ доранд ва дар ҷомеа обрӯю нуфуз доранд.

  Иштирокдорон ҳамчунин аз факултети технологияи маҳсулоти хӯрокаи Донишгоҳ дидан намуда, ба кори лабораторияҳо, ки аксаран сенсорӣ ҳастанд, баҳои баланд доданд.

  Рӯзи дуюми гурӯҳи корӣ хеле боровар буд. Онҳо аз китобхонаи муосири донишгоҳ дидан намуданд. Ҳамчунин шиносоӣ бо Маркази миллии тадқиқотии «BIOR», ки дастранҷи устодон ва шогирдони кулли муассисаҳои Латвия онҷо мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, хеле мароқангез буд. Ин ҷо мутахассисони варзида бо технологияҳои муосир кашфиётҳоро дар соҳаи технологияи хӯрока аз санҷиш мегузаронанд.

Дар рӯзи сеюми сафар ҳайати меҳмонони Тоҷикистон ва Қирғизистон аз коргоҳи истеҳсолии коркади мева ва сабзавот дидан намуда, ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагиҳои фермерии ин кишвар шинос шуданд. Ду  рӯзи боқимонда ҷанбаҳои пешрафти истеҳолот дар Ҷумҳурии Латвияро меҳмонон омӯхтанд. Аз мушоҳидаҳои иштирокдорони барнома чунин хулоса баровардан мумкин, ки Ҷумҳурии Латвия бо вуҷуди масоҳати калони майдони киши надоштан, дар соҳаи агротехнология, махсусан, дар ҷодаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман технологияи хӯрока хеле пеш рафтааст.

Дар рӯзи охирин меҳмонон ва мизбонон он чи дидаҳои худро хулосабардорӣ намуданд. Сафар ба Ҷумҳурии Латвия сафари бобарору хотирмон барои устодон боқӣ хоҳад монд.