Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани робитаҳои хориҷӣ, табодули таҷрибаву малака соли равон дар доираи се лоиҳа- GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллал) «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи миёна», HECAFS- таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стантартҳо дар Осиёи миёна ва курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки умумиҷаҳонӣ фаъолияташро идома медиҳад.

Чунончи дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи миёна» санаҳои 5-9 июн устодони кафедраи химия Насимҷон Тошхӯҷаев ва Шералӣ Қоидов дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз фаъолияти озмоишгоҳҳо, раванди дарсомӯзии ҳампешагони қирғизӣ ошно гардиданд. Ҳамчунин донишҷӯёни донишкада Ҷамшед Масаидов ва Қодирҷон Шодиев аз ҷараёни таълим, тадрис ва усулҳои муосири раванди таълим дар муассисаҳоии олии ин кишвар ошно гардиданд. Дар навбати худ 4 донишҷӯён аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон дар доираи лоиҳа аз фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дидан намуда, ба шароити хуби омӯзишӣ, базаи мустаҳками лабораторӣ, раванди машғулиятҳо, натиҷаҳои самаровари системаи иттилоотии донишкада, маркази тестӣ баҳои баланд доданд. Барои онҳо махсусан шароити хуби лабораторияҳои хӯрокворӣ ва хобгоҳи донишкада писанд омад.

Санаҳои 3-8 июл устодони донишкада Искандар Асатуллоев, Шералӣ Қоидов ва унвонҷӯ Парвиз Юсупов дар шаҳри Алмато дар мавзӯи «Дидактикаҳои маҳсул» маърӯзаву таҷрибаҳои андӯхтаи худро дар самти коркарди маҳсулотҳо нишон дода, ҳамчунин аз ҳампешагони худ маҳорат ва таҷриба андӯхтанд.

Устодони донишкада Хуршед Мақсудов, Искандар Асатуллоев, Анвариддин Муҳиддинов, Дилшод Набиев, Амиртемур Ваҳҳобов, Руслан Бобохоҷаев ва Равшаной Бобохоҷаева санаҳои 10-14 июл дар доираи лоиҳаи мазкур зери унвони «Муаррифии шарикони нави барнома», «Тайёрӣ ва татбиқи Phd» дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳар яке зарурати омодагии мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои гуногун бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.

Устодони донишкада Хуршед Мақсудов, Искандар Асатуллоев, Анвариддин Муҳиддинов, Дилшод Набиев, Амиртемур Ваҳҳобов, Руслан Бобохоҷаев ва Равшаной Бобохоҷаева санаҳои 10-14 июл дар доираи лоиҳаи мазкур зери унвони «Муаррифии шарикони нави барнома», «Тайёрӣ ва татбиқи Phd» дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳар яке зарурати омодагии мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои гуногун бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.

Санаҳои 24-28 июл дар шаҳри Алмато устодони донишкада бо ҳамкорони хеш ширкатҳои «Зерновая компания» ва «Амид» дар семинари «Бизнеси нонпазӣ» иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳои пешрафтатарини олам ҷиҳати истеҳсол ва коркарди ғалладонагиҳо маҳсуб ёфта, омӯзиши нозукиҳои касби нонпазӣ ва вориди рақобат шудан ба бозори ҷаҳонӣ аз аҳамият холӣ нест.

Ва ниҳоят санаҳои 7-11 август устодон Алия Раҳимова, Шералӣ Қоидов ва Шарипова Шаҳодат дар семинар таҳти унвони «Талабот ба таври замонавии танзими дарс», ки дар шаҳри Бишкек доир шуд, ширкат намуданд.

Алҳол роҳандозии лоиҳаи HECAFS- таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стантартҳо дар Осиёи миёна идома дошта, дар назар аст, ки 5 нафар устодони донишкада дар муассисаҳои олии Латвия табодули таҷриба мегузаронанд.

Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми кишвар дар доираи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки умумиҷаҳонӣ дар Донишкадаи плитехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуд. Минбаъд нафароне, ки шуғл ё касб надоранду дар чорсӯи зиндагӣ роҳи худро ҷустуҷӯ доранд, ба ин курси омодагии кӯтоҳмуддат ҷалб карда мешаванд. Онҳо инҷо аз донишу маҳорати устодони соҳаи энергетика, нақлиёт ва тарроҳиву чеварӣ нозукиҳои ин касбҳоро меомӯзанд. Ба онҳо дар анҷоми курси омӯзишӣ сертификати хатм дода мешавад.