Омўзгорони мўҳтарам!

Донишҷўёни азиз!

Пеш аз ҳама Шумоёнро бо фарорасии соли нави хониш муборакбод гуфта, бароятон дар ҷодаи меҳнати содиқона ва хонишу таҳсили бобарор таманно дорам.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба мактабу маориф, хосса ба устодону донишҷӯён ҳамасола Рӯзи дониш ва дарси сулҳро дар ин ё он муассисаи пешрафтаи кишвар таҷлил мекунанд.

  Соли равон баргузории Рӯзи дониш дар Академияи Вазорати корҳои дохилаи кишвар бо иштироки Сарвари давлат бесабаб нест. Зеро раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, хатарҳои глобалии экстремизму терорризм аз мо устодон талаб мекунад, ки ҷавонро дар руҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.

  Ин муассисаи таълимӣ барои омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаи корҳои дохилӣ нақши муҳим дошта, амният, тартибот ва низоми ҷамият аз маҳорату корбарии милитсияи тоҷик вобастагии калон дорад.

  Бо назардошти он, ки таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба ҷавонон калон аст, соли равон – Соли ҷавонон эълон шуда, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа корҳои бузургу созанда анҷом дода шуд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар ҷомеаи 8 миллион нафараи кишвари мо фаъолият намудани 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, беш аз 100 коллеҷу омӯзишгоҳҳо худ далолат бар он медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҷавонон нигоҳи некбинона дорад.

  Инчунин мо худ шоҳид ҳастем, ки дар сатҳи ҳайати роҳбарикунанда имрӯз даҳҳо ҷавонон меистанд, ки бо истеъдоду қобилияти нотакрори худ ҳадафҳои кишварро пеш мебаранд. Итминони комил дорам, ки аз байни Шумо, донишҷӯёни мӯҳтарам дар ояндаи наздик ходимони бузурги давлативу сиёсӣ ба камол мерасанд.

  Ҳозирини гиромӣ! Сарвари давлат борҳо дар баромади хеш таъкид медоранд, ки фардои давлатро он ҷавонон идора мекунанд, ки дониши баланди техникӣ дошта бошанду забонҳои хориҷиро нағз аз худ намоянд.

  Мо, устодони Донишкадаи политехникӣ имрӯз кадрҳоеро ба ҷамъият омода мекунем, ки воқен ҳам зарурист. Ва Шумо донишҷӯёни мӯҳтарам дар интихоби касб хато накардед. Зеро тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола хатмкунандагони мо пурра бо ҷои кор таъмин мешаванд.   Имрӯз ширкату коргоҳҳои пешрафтаи кишвар хоса бонкҳо, ширкатҳои мобилӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои марбут ба нақлиёту энергетика, меъмориву сохтмонӣ маҳз дар навбати аввал хатмкунандагони моро интихоб мекунанд, ки ин боиси ифтихори мост.

  Ду маротиба баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда» бо иштироки роҳбарони наздик ба 70 корхона гуфтаҳои болоиро тасдиқ менамоянд.

  Имрӯз ҷомеаи меҳнатии донишкада аз он ифтихор доранд, ки дар таъмини се ҳадафи стратегии давлат- таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми назарраси худро мегузоранд. Зеро донишкада он мутахассисонеро омода мекунад, ки ҷавобгӯи ин ҳадафҳои стратегии давлат мебошанд.

  Устодон ва шогирдони азиз!

Дар ҷомеаи мо баробари пешрафт, ҳамзамон як қатор зуҳуроти номатлуб реша давонда истодааст, ки аз ҳар яки мо ҳушёрии сиёсиро талаб менамояд.

  Бинобар хабарҳои ба мо дастрас шуда айни замон 300 ҷавонони кишвари мо дар мамлакатҳои Ироқ, Сурия, Яман гумроҳона дар майдонҳои ҷанг қарор доранд. Аксарияти ин ҷавонон бинобар надоштани дониши динӣ ва сиёсӣ имрӯз маҷбуран силоҳ ба даст гирифта, инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида истодаанд.   Бадбахтиаш он аст, ки баъзе аз ин ҷавонон ҳамроҳи худ оилаву фарзандҳояшонро он ҷо бурдаанд ва тақдири талхи худро бо онҳо қисмат кардаанд. Дар чунин лаҳзаҳо шумо тасаввур кунед падару модар худро чӣ гуна ҳис мекунанд. Аз ин хотир, донишҷӯёни азиз Шумоён танҳо бо як мақсад гирифтани дониш ва такмили маҳорат сари мизи донишҷӯи нишинед. Ба ҳамсолони хеш оқибатҳои нангини ин амалҳоро фаҳмонед.

  Ҳозирини арҷманд! Аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» даҳ сол сипарӣ шуд. Дар иртибот ба ин қонун қонуни дигар «Масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» ба имзо расид. Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қонунҳои мазкур имрӯз ҷамъият пеш рафта истодааст.

  Бо мақсади такмил ёфтани қонун ба қонун иловаҳои нав ворид гардиданд, ки мутобиқи он минбаъд бо машина омадани донишҷӯён ба дарс қатъиян манъ ва он нафароне, ки қонунро иҷро намекунанд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешавнд. Бинобар ин, аз ҳамаи донишҷӯён қатъиян талаб карда мешавад, ки талаботи қонунро риоя намоянд.

  Ҳамзамон минбаъд донишҷӯён талаботи дастурии Вазорати маориф ва илми кишварро дар самти либоспӯшӣ пурра иҷро намоянд. Илова бар ин гуфтаниам, ки сатру аврат, ҳиҷоб моли миллати мо нест ва он ҷисману маънаван ба саломатӣ зарар дорад. Мо аз донишҷӯён даъват ба амал меорем, ки аз либосҳои миллии худ- атласу адрас, ки ба саломатӣ фоида дораду шиннаму зебост истифода баранд.

 

  Мӯҳтарам аҳли нишаст!

Мо соли нави таҳсилро бо дастовардҳои неку арзанда пешвоз мегирем. Аввал ин ки мо созандагиву бунёдкориро идома дода, бинои факултети сохтмон ва нақлиётро азнавсозӣ намудем. Инчунин қабатҳои якум ва дуюми хобгоҳ, толори варзишгоҳи бинои асосӣ аз таъмири ҷорӣ баромаданд. Лабораторияи сенсорӣ бо харидории 12 мачмӯаи мизҳо ба кор шурӯъ намуд.

  Бо талоши устодон дар се лоиҳа -таҳсилоти касбӣ дар Осиёи миёна», таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стантартҳо дар Осиёи миёна ва курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки умумиҷаҳонӣ ғолиб омада, мувофиқи лоиҳа айни ҳол устодон дар донишгоҳҳои хориҷа табодули таҷриба намуда истодаанд. Шогирдони донишкада дар олимпиадаву мусобиқаҳои варзишӣ ҳамеша шаъну шарафи донишкадаро боло мебардоранд. Мо низ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ кӯшиш менамоем, ки шароити хубу арзандаро ба Шумоён – донишҷӯёни азиз муҳайё созем.

  Чун дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Ватан, соли нави таҳсил-фарорасии Рӯзи дониш қарор дорем, аҳли нишаст ва дар шахси онҳо кулли донишҷӯёнро ба ин муносибат самимона табрик намуда, барояшон беҳтарин орзуҳоро таманно дорам.

  Рӯзи дониш ва сулҳ муборак!