Дар доираи таҷлили бошукуҳи 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки рӯзҳои наздик дар қасри таърихии Арбоб доир мегардад, сафари кории роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо  ба вилояти Суғд оғоз ёфт.

Чунончи рӯзи гузашта Вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Ирфон» бо иштироки кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбӣ, сарварони сохторҳои зертобеи соҳавӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Имрӯз бошад, Вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия,  озмоишгоҳҳои бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока ва намоишгоҳи либосу дигар маҳсули эҷоди устодон ва шогирдони донишкада шинос гардид.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба Вазири маориф ва илми кишвар иттилоъ дод, ки соли равон донишкада дар се лоиҳа-  GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллал) «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи миёна», HECAFS- таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стантартҳо дар Осиёи миёна ва курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки умумиҷаҳонӣ ғолиб омада, давоми се моҳи охир зиёда аз 30 устодон дар пешрафтарин муассисаҳои олии хориҷи табодули дониш ва маҳорат намуданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Донишкада ташаббускори дастуру ҳидоятҳои давлат ва Хукумат буда, дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, 6 сол муқаддам маркази таҳсилоти фосилавиро  таъсис дод. Ҳамчунин таъсиси Маркази мартабаи донишкада робитаро бо корхонаву ташкилотҳои  кишвар мустаҳкам намуда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандангони донишкада тавассути баргузории  ярмаркаи ҷойҳои холӣ мусоидат намуд.

   Вазири маориф ва илми кишвар ба фаъолияти донишкада дар самти пояи моддиву техникӣ ва озмоишгоҳҳои муосир баҳои баланд дода, аз ҷомеаи устодону шогирдони донишкада даъват ба амал оварданд, ки барои тақвияти фаъолияти парки технологӣ, баланд бардоштани мафкураи техникӣ, сатҳи збондонӣ,  вусъати корҳои ободонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки  донишкада дорои 4 факултет, 14 кафедра, 16 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 маркази илмӣ – тадқиқотии соҳаи энергетика ва технологияи маводҳои хӯрока, як маркази омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, 26 синфхонаҳои компютерӣ, 8 синфхонаҳои лингафонӣ, 3 китобхонаи электронӣ, парки технологӣ, матбаа ва нашриёт, 2 – маҷмааи варзишӣ буда, солҳои охир дар олимпиадаву озмунҳои лоиҳаи инноватсионӣ фаъолона ширкат меварзад.