Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста саъю талош меварзад. Баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣ, ки моҳи майи соли равони дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бозгӯи гуфтаҳои болоист.  

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад.

 Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай­налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш  анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре­мизми (ифротгароӣ) байнал­милалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво­ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар  асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Новобаста аз ин ҳастанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд аз берун истода ба амнияти мо халал ворид созанд. Аз ҷумла ҳизби ифротгарову террористии наҳзати исломӣ аз қабили ин гурӯҳҳо мебошад, ки имрӯз ба номи муқаддаси дини мубини ислом иснод меоранд.  Вокунишу изҳоротҳои бардурӯғи онҳо қисме аз аъзои ҷомеро ба худ гумроҳона моил мекунад, аммо воқеияти ҳол он аст, ки онҳо бо ҷорӣ сохтани «идеяҳои созанда»-и худ як кишвари хилофат барпо карданианд, ки ҷомеа онро хуш надорад.

Моро мебояд, ки бар зидди ин гуна ҳаракату мафкураҳо муборизаи беамон барем.