Бо исми Мирзои Салимпур аксари сокинони кишвар, хосса онҳое, ки ба матбуоту сиёсат сарукор доранд, шинос ҳастанд. Ин нафаре аст, ки дар раги худ хуни «озодпарастон»-а дорад. Чун корномаашро варақгардон мекунӣ, мебинӣ, ки аз сар манманию лофзаданҳоро пешаи худ кардааст. Ӯ аз ҷумлаи нафаронест, ки солҳои навадуми қарни гузашта бо шеваи тунду лаҳни тез вориди матбуот шуд. Ва ҳар нафаре, ки нигоштаҳояшро мехонд, гумон мекард, ки рӯзноманигори сирф профессоналӣ аст ва аз ягон нафар вобастагӣ надорад. Аммо журналистикаи муосир нишон медиҳад, ки аксари «соҳибқаламон» соҳиб доранд, яъне аз рӯи гуфти соҳибонашон мавод менависанду ва ҳадафи онҳо санг партофтан ба рақибони онҳо мебошад. Шеваи фаъолияти Мирзои Салимпур низ ҳамингуна буд ва ҳамингуна монд. Ӯ яке аз фаъолони нашрияи «Чароғи рӯз» буд, ки маблағгузораш хоҷагони хориҷӣ буд. Дертар ӯ солҳои сол дар сомонаи «Озодӣ» фаъолият бурда, як андоза аз рӯи гуфти хоҷагони амрикоии худ фаъолият мебурд. Чун муносибаташ бо собиқ ҳамкораш Соҷидаи Мирзо, (ҳар ду дар «Чароғи рӯз» фаъолият доштанд) роҳбари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» сард шуд, бо мақсади ниқорситонӣ «сомонаи худ»-ро ташкил дод. Ӯ имрӯз шояд ҳаловат барад, ки сомонаи ӯ дар муқобили сомонаи «Озодӣ» серхонандатар гардид. Аммо баҳси марказии ин ду чеҳраи мондагори журналистикаи муосир бадбахтона авзои сиёсиии кишвар гардид. Мо борҳо дидаем, ки сомонаи «Ахбор» ҷониби радиои «Озодӣ»-ро ба он гунаҳкор мекард, ки «хидматгузори беминнат»-и давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Баръакс сомонаи «Озодӣ» «Ахбор» ва муассиси он Мирзои Салимпурро бозичаи дасти «Паймони миллӣ», ҲНИ ва хоҷагони эронӣ унвон кард. Баҳси онҳо то ҳадде буд, ки дар ин миён боз Тоҷикистон «гунаҳкор»-и ҳар ду тараф гардид. Аслан интишор шудани ин мақола ба он хотир аст, ки Мирзои Салимпур дар сомонаи худ аз ҳад худро «мусичаи бегуноҳ» гирифта, тамоми ғиреви худро ба сари кормандони амнияти кишвар бор кардааст. Ӯ муқобили мубориза бурдани чанде аз хонандаҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро «Фабрикаи ҷавоб» унвон кардааст. Охир журналисти муҳтарам худ борҳо иқрор шудаед, ки замона дигар шудааст. Имрӯз хонандаи зиёд ҳамонтавре, ки худ иқрор мешавед ба сомонаатон ворид мешавад, дар ин ҷода назарҳо мухталиф ҳастанд. Шахсан камина низ аз таъсиси сомонаи «Ахбор.ком» истиқбол намудам. Вале эътироф кунед, ки хонандагон дар баробари ситоиши сомонаи шумо дар мавриди оҷилан нашр кардани мавод, ҳамчунин ҳаққи танқид карданро ҳам доранд. Шумо, муҳтарам, Мирзои Салимпур як чизро дар мизони андеша бар кашед, ки ба хотири бозоргир шудани сомонаатон ҳар чиро бояд нашр накунед. Ва хонандаҳо вақтҳои охир дуруст дарк карданд, ки Шумо ба хотири «тарафгирии ҳукумат аз ҷониби сомонаи «Озодӣ» (шахсан ман инро эҳсос накардам) майл ба созмони «Паймони миллӣ»  ва ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ намудед. Мавқеъгирии Шумо дар мавриди дашному ҳақоратро оид ба пайвандонатон ман ҳам тарафгир ҳастам. Воқеан ҳам камоли номардист, ки ба қиблагоҳи шумо, ки кайҳо ин дунёро тарк гуфтанд (хонаи охираташон обод бод!) нафарони алоҳида дахл карданд. Ин нишонаи мағлубияти онҳост. Аммо Шумо ба кадомин далел қахру ғазаби худро бар сари КДАМ бор кардед, ман намефаҳмам. Мушаххасан мегуфтед, ки кадомин бо қадомин «псевдомин» аз намояндаи «фабрикаи ҷавоб» ин корро кардааст, мо хонандагон иқрор мешудем, ки иддаои Шумо дуруст аст. Шумо боре андеша накардед, ки «дӯстони Шумо» аз думравони «Паймони миллӣ» ба хотири Шуморо ба худ майл кардан ин корро карда метавонистанд. Гумон мекунам не. Ман чиро дар назар дорам. Дар сӯҳбатҳои онлайнии Кабириву Алим Шерзамонов, Гадоеву Ёқубовҳо даҳҳо номгузорони сохта онҳоро тарафгиру ҷониби давлатро бо ҳақорату дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Албатта истисно намекунам, ки баъзе аз хонадагон низ бар зидди «Паймони миллӣ» ва ҲНИ борони ҳақоратро мефиристанд. Ин нишонаи зарфият ва кӯтоҳандешӣ аст. Шахсан камина дар ин гуна баҳсҳо ҳарду тарафро ба одоби муоширату муносибат талқин мекунам. Охир ин хуб нест, ки ду тоҷик сари қаҳру ғазаб ченаки одобу фарҳанги худро ба оламиён нишон диҳад.

Сониян барои мо аҷиб аст, ки Мирзои Салимпур чӣ гуна метавонад дар Аврупо бе ёрдами ягон нафар сомонаи худро фаъол гардонад. Охир дунё дунёи иттилоот аст. Ягон нафар бе дастмузд кор намекунад. Намояндаҳои Шумо дар ҳама минтақаҳо фаъол аст. Мо иқрор мешавем, ки навтарин навидро аз сомонаи Шумо дарёфт мекунем. Хеле аҷиб менамояд, вақте ки як рӯзноманигор масалан аз водии Зарафшон холисона ба Шумо хизмат намояд. Аён аст, ки Шумо маблағи калонро аз ягон хоҷа дарёфт кардед, ё кӯзаи тиллоро ёфтед, ки барои даҳсолаҳо кифоят мекунад. Вагарна таъсиси сомона, нигаҳ доштани он, бо иттилоот пур карданаш хароҷоти зиёдро тақозо мекунад. Чун ман мутахассисгуна ҳастам, инро медонам.

Ахиран ба Шумо маслиҳат медодем, ки пеш аз интишори чунин мавод ба эҳсосот дода нашавед ва касе ҳам ба Шумо ҳақ надодааст, ки минбари худро баровардаи эҳсоси худ кунед. Боқӣ дар паноҳи Худованд бошед! 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд