Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад.  Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои  истифода аз  василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароест, ки  ба марзи ниҳоии худ расидааст.  Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш  ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе  рабте надорад. Аммо бархе аз маркази қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси  «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои  байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад.  Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангамон бошад Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии байналмиллалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои  давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва  ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд.  Яке аз вазифаҳои муҳими марбут ба расонаҳо  фароҳам кардани муҳити дарку шинохти саҳеҳ аз манфиатҳои миллӣ тавассути худи рузноманигорон мебошад Вақте дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, бархе аз мо ба ҷойи муроҷиат кардан ба ниҳодҳо ва коршиносони худӣ  ба таҳлилгарони кишварҳое рӯй меоваранд, ки масъаларо бо таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллии худашон тафсир мекунанд.

Дар масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ тайи даҳсолаҳои ахир  шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм  ба манзури фишор ба рақибони геополитикиашон истифода мекунанд. Ҳатто ин масъала баҳонаи ҳузури низомии онҳо дар минтақаҳои ҳасоси геополитикӣ ва дорои захираҳои саршори энержиро фароҳам кардааст. Ҳарҷу марҷи чанд соли ахир дар Ховари Миёна ва Африкои шимолӣ  ба таври мустақим бо ин масъала иртибот дорад. Дар Сурия ва Ироқ шоҳиди онем, ки аз як тараф гурӯҳҳои террористӣ (монанди Давлати исломӣ)  мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор мегиранд ва аз тарафи дигар ба инҳо силоҳу муҳиммот  вогузор мешавад.

Бархурди дугона ва истифодаи абзори ин падидаи шуму хатарнок аст, ки масъалаи «мубориза бо терроризм» камарзишу беэътимод мондааст. Худи ин шеваи носолим ангезаи ҷалби бархе  ва махсусан ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ фароҳам намудааст. Бинобарин бояд, бояд дар канори иқдомоти қудратӣ инчунин маҷмӯйи аз чораҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ қарор дода шавад, то натиҷаи матлуб ба даст ояд.

Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва аз ҳам аз тариқи иқдомогти ҷиноӣ, монанди кочоқи  маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки  дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд. Намояндагони созмонҳои террористи муҳоҷирони кории Осиёи Марказиро ба чандин гурӯҳ тақсим мекунанд

Гуруҳи аввал иборат аз афроде мебошад, ки нисбати мутаддайин буда, таҳти таъсири таблиғоти «ҷиҳодӣ» омодаи саҳм гирифтан дар мубориза алайҳи  «куфор»  дар ҳар нуқтае аз дунё мебошанд, ки барои ин ҳадафи «муқаддас» пулу сармоя ҳам намехоҳанд. Гурӯҳи дуввумро бештар ниёз ба пул ва беҳбуди шароити иқтисодӣ дар ин масир қарор медиҳад.

Иддае аз ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Аммо онҳое, ки ба ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ барои ширкат дар «ҷиҳод» машғуланд, ҳамагӣ хориҷиву бегона нестанд.  Барои ба даст овардани эътимоди қурбониёни билқувва ҳамеша кумаку ҳамкории афроде лозим аст, ки аз худи муҳоҷирони корӣ бошанд. Ин афрод маъмулан аз сатҳи нисбатан лозими донишҳои динӣ ва шеваҳои таъсиргузории равонӣ бархӯрдор буда, қодир ба додани посухҳои  итминонбахш ба пурсишҳо ва шубҳаҳои ҷавонон мебошанд.  Ин кор ҳам ба сурти мустақим (сӯҳбату гуфтугӯ, вогузории адабиёту маводи  марбутаи савтиву дидорӣ ва ғайра)  ва ҳам  аз тариқи фазои маҷозӣ ва ё худ интернет амалӣ мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ  беш аз ниҳоди расмиву ҷамъиятии кишварҳои минтақа бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия сару кор дошта, онҳоро  ба доми макри худ мекашанд, ки  дар оянда барои суботу амнияти  ин кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам аломатҳои тадриҷии  ин таҳдид ба мушоҳида мерасад. Бинобарин дар назар гирифтани барномаи ҷомеаи миллӣ (бо ҳузури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ,  рӯҳонияти бонуфуз, шахсиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  ғайра) метавон ба коҳиши таъсири манфии ин падида даст ёфт.

Рӯ овардани баъзе аз ҷавонон чӣ тоҷик ва чӣ дигар кишварҳои минтақа ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ далелу сабабҳои худро дорад. Баъзе ин  сабабҳо дохилӣ ва баъзе ҳам хориҷист. Дар робита ба сабабҳои дохилӣ метавон ба бархе мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора кард.  Албатта, ин мушкилот ба зоти худ наметавонанд боиси ифротӣ шудани ҷавонон гарданд, аммо бо вуҷуди ин, ба эҷоди ангеза кумак мекунанд, ки аз он гурӯҳхову ҷараёнҳои ифротӣ истифода менамоянд.

Сабабҳои хориҷӣ ба сурати мустақим ба манфиатҳои бозигарони фароминтақавӣ бармегарданд, ки мутаассифона, таи даҳсолаҳои ахир дар рақобатҳои геополитики худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто терррористӣ ҳамчун абзори нуфуз баҳрабардорӣ ба амал меоранд.

Таҷрибаи даргириҳои Қафқози Шимолӣ, Афғонистон, Ховари наздику Миёна  ва ба хусус, Сурия ва Ироқ ин воқеиятро тасдиқ мекунад.

Алабтта, бо вуҷуди он, ки дар беш аз ду даҳаи пеш ба Тоҷикистон ҷангу даргириҳои дохилӣ таҳмил шуд, роҳбарияти кишвари мо таҷрибаи бисёр арзишманди таомулу тасомуҳро андӯхт, ки мусолиҳаи миллӣ ва сулҳу суботро ба бор овард. Дар он марҳала фазои ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталиф ва  меъёр қарор додани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ имкони нуфузу таъсири идеологии созмонҳову ҷараёнҳои ифротиро ғайриимкон карда буд.  Дар марҳилаи баъди шароити геолполитикии минтақа ба далели шиддат гирифтани рақобати қудратҳо тағйир кард ва хатари ифротгароӣ домани ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро гирифт.

Дар чунин шароит ҳифзи фазои таомулу тасомуҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим буду ҳаст. Зеро бо ҳамкории муҳимтарин асотири иҷтимоӣ метавон раванди рушди диниро натанҳо назорат кард, балки дар масири саҳеҳ низ қарор дорад. Дар ин росто ҳамкории фаъолона ва огоҳона  бо руҳоният (бидуни тақисими онҳо ба расмиву ғайрирасмӣ) дар ҳифзи фазои матлуби динии кишвар бисёр муҳим мебошад. Лозим аст, ки меъёри аслӣ шинохти манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва ҳифзи мазҳаби таърихии мардуми Тоҷикистон бошад.

Дунбол шудани масоил дар чунин чорчӯб, ки комилан дохиливу миллист, баҳонаро аз дасти идеологияи таҳмиливу бегона гирифта, имкони мудохилаи онро ба ҳадди ақал хоҳанд расонд.

 

И. Инъомов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд